ИШТИРОК КУНЕД, ДАЛЕРОНА КӮШЕД ВА ҒАЛАБА НАМОЕД! Озмуни Ҷоизаи ИДМ дар самти дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ барои соли 2023 эълон гардид
ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳавасмандгардонии сифат ва рақобатпазирии маҳсулоту хизматрасонӣ, имконияти содиротии онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва усулҳои самараноки идоракунӣ дар ташкилоти давлатҳои аъзои ИДМ дар ҷаласаи 61-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи ИДМ, ки 14 июли соли 2022 баргузор гардид, ки дар он озмуни навбатии нуҳуми Ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ дар соли 2023 эълон гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.
Озмуни мазкур дар ду сол як маротиба тибқи Низомномаи озмуни дарёфти Ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ, ки бо Қарори Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ (дар таҳрир аз 29 майи соли 2020) тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
Довталабони Ҷоиза метавонанд ташкилоте бошанд, ки маҳсулот истеҳсол мекунанд ва (ё) хизмат мерасонанд, ба шарте ки онҳо дар марҳилаи якуми (миллии) озмун ба финал баромада бошанд;
тасдиқи дараҷаи сифатнокии маҳсулот ва (ё) хизматрасонӣ дар давоми на камтар аз ду соли пеш аз озмун;
амалисозии содироти маҳсулот ва (ё) хизматрасонӣ ба як давлат — аъзои ИДМ ва беш аз ин.
Мукофот ба ташкилоте дода мешавад, ки ба миқдори зерин коргар доранд:
то 250 нафар; аз 250 то 1500 нафар; аз 1500 нафар ва бештар аз он; дар чор самти фаъолият: истеҳсоли маҳсулоти таъйиноти саноатӣ; истеҳсоли молҳои истеъмоли халқ; истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ;
хизматрасонӣ.
Иштирок дар озмун ихтиёрист.
Ғолибон дар ду марҳила муайян карда мешаванд: аз рӯи натиҷаҳои баҳодиҳии иштирокчиён аз ҷониби мақомоти миллӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия ва бо роҳи гузаронидани ташхиси маводи пешниҳодшуда ва дар маҳал бо истифода аз баҳодиҳӣ тавассути холҳо.
Барои иҷрои корҳо дар марҳилаи дуюми озмуни Шӯрои байнидавлатӣ комиссияҳои экспертӣ иборат аз ду коршиноси давлати дигар (баробар) бо назардошти ҷойгиршавии ҷуғрофии онҳо тасдиқ карда мешаванд.
Қарор дар бораи додани Ҷоиза бо пешниҳоди раиси ҳакамон дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ қабул карда мешавад.
Маросими супоридани ҷоизаҳо ба мукофотгирандагон, дипломгирандаҳо, инчунин ташкилоте, ки бо ҷоизаи махсуси «Эътироф намудани дастовардҳои тиҷоратӣ» сарфароз гаштаанд, дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ баргузор мегардад.
Ба ғолибон ва ҷоизагирандагони озмун дипломҳо ва туҳфаҳо, инчунин ҳуқуқи истифодаи тасвири логотипи Ҷоиза давоми се сол ҳангоми тамғагузории маҳсулот ва бастаи онҳо, бо мақсади реклама ва ҳуҷҷатгузорӣ супорида мешавад.
Маълумот дар бораи ғолибон дар сомонаи Шӯрои байнидавлатӣ ҷойгир карда шуда, дар ВАО маводи иттилоотӣ ва маълумотнома интишор гардида, ба ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ фиристода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2006 дар ин озмун беш аз 140 корхона аз Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Украина ширкат намуданд. Якбора ду ширкат аз Тоҷикистон – ҶДММ «Ваҳдат Текстил» (корхонае, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ваҳдат» ва Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр», соҳибкорон Акбар Ғуломов ва Илҳом Мирзоев дар доираи дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд) ва ширкати «Silkcoat boya» (корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия) барандаи Ҷоизаи ИДМ дар соли 2019 барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ гардиданд.
АКС: хадамоти матбуоти КИ ИДМ








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






