ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, панҷшанбе, 216-умин рӯзи соли 2022 аст

Август 4, 2022 08:00

4 августи соли 2011 дар шаҳри Истаравшан дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

4 сол пеш, 4 августи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои ободонӣ ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, ҳамчунин бо корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 миёни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса Протокол оид ба сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо маблағи 27 миллион евро ба имзо расид.

4 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар ИМА – Рӯзи посбони соҳил.

***

Дар Украина –Рӯзи милитсияи миллӣ.

***

Дар ҷазираҳои Кук – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

4 августи соли 2009 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиши байналмилалии «Рушди энергетикаи Афғонистон» баргузор гардид.

***

4 августи соли 1870 дар Олмон аввалин мусобиқаи байналмилалии шоҳмот баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1942 дар Канада дар фурӯши чой ва қаҳва маҳдудият ҷорӣ карда шуд.

***

59 сол қабл аз ин, 4 августи соли 1963 Бонки рушди Африқо таъсис ёфтааст.

***

4 августи соли 1993 Парлумони Молдова оид ба ворид шудани ин кишвар ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳалнома қабул кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1944 аввалин санҷиши ҳавопаймоҳои реактивии Англия — Gloster Meteor гузаронида шуд.

***

Соли 1976 дар Лондон аввалин мусобиқаи чирчирак миёни дастаҳои занона баргузор гардид.

Август 4, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, чоршанбе, 271-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, сешанбе, 270-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, душанбе, 269-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, якшанбе, 268-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, шанбе, 267-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, ҷумъа, 266-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, панҷшанбе, 265-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, чоршанбе, 264-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, сешанбе, 263-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, душанбе, 262-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, якшанбе, 261-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, шанбе, 260-умин рӯзи соли 2022 аст