ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, сешанбе, 221-умин рӯзи соли 2022 аст

Август 9, 2022 08:00

9 августи соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуданд.

***

11  сол пеш, 9 августи соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон  Маркази минтақавии тавонбахшии кӯдакон ва наврасони маъюб ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» баргузор гардид.

9 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мардуми таҳҷоӣ.

***

Рӯзи ҷумҳурӣ дар Сингапур.

***

Рӯзи миллии сулҳовар дар Канада.

***

Рӯзи ҳифзи ҷангал дар ИМА.

РӮЙДОДҲО:

9 августи соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед, ки аз соли 1950 тахтнишин буд, дидор ва мулоқот намуданд.

***

9 августи соли 2008 масоили гуногунҷанбаи  Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.

***

9 августи соли 2007  дар шаҳри Душанбе шабакаи нави радиошунавонии FM «Имрӯз» ба пахши барномаҳо шурӯъ намуд.

 

***

9 августи соли 1912 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Туркия 6 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 40 ҳазор нафар бе сарпаноҳ монданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1945 ба шаҳри Нагасакии Ҷопон бомбаи атомӣ партофта шуд.

***

Соли 1992 дар  Барселона маросими пӯшидашавии бозиҳои XXV олимпӣ баргузор гардид.

Август 9, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, шанбе, 298-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, ҷумъа, 297-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, панҷшанбе, 296-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, чоршанбе, 295-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, сешанбе, 294-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, душанбе, 293-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, якшанбе, 292-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, шанбе, 291-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, ҷумъа, 290-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, панҷшанбе, 289-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, чоршанбе, 288-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, сешанбе, 287-умин рӯзи соли 2025 аст