ТАЛАБОТ БА ЧИПТАҲОИ ҲАВОПАЙМО 10 БАРОБАР ЗИЁД ШУД! Тоҷикистон миёни кишварҳои маъруфтарин барои сафари шаҳрвандони Русия дар ҷои дуюм қарор гирифт

Август 1, 2022 11:37

ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дуюмин кишвари маъруфтарин барои саёҳати шаҳрвандони Русия дар тобистони соли 2022 гардид. Дар ин бора аз маълумоти хадамоти таҳлилии сафарҳо ва саёҳати «Туту.ру» бармеояд, менависад агентии иттилоотии «Sputnik»-и Русия.

Ҳиссаи мусофироне, ки ба ин хатсайр чипта харидорӣ кардаанд, тақрибан 17,7 фоизро ташкил дод. Нархи миёнаи чипта ба ҷумҳурӣ ба 10,1 ҳазор рубл расид, ки нисбат ба соли 2021 49% камтар аст. Тоҷикистон яке аз  давлатҳо барои саёҳат аст, ки дар он нархи сафарҳо баланд намешавад.

«Талабот ба кишварҳои хориҷи наздик бештар ба Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Беларус аст», — зикр шудааст дар «Туту.ру».

Тавре аз рӯйхат дида мешавад, ҷои аввалро миёни хатсайрҳои ҳавоии шаҳрвандони Русия тобистони имсол Қирғизистон ишғол намуд. Аммо нисбат ба соли 2021 нархи чипта ба ин давлат 21 фоиз афзуд ва қариб 10,5 ҳазор рублро ташкил дод.

Ба даҳ хатсайри маъруфи ҳавоӣ Гурҷистон, Исроил ва Туркия дохил шуданд. Нархи чиптаҳо ба ин кишварҳо низ боло рафтааст.

Арзиши сафар ба Исроил махсусан хеле баланд шуда, нархи чипта дар муқоиса бо соли 2021 181% афзуда, ба 42,9 ҳазор рубл баробар шуд.

Шаҳрвандони Русия барои сафар ба Туркия ҳудуди 30 000 рубл пардохт мекунанд. Нархи чиптаи  ин хатсайри ҳавоӣ 139 фоиз қимат шудааст.

Нархи чиптаҳо ба Гурҷистон соли 2022 нисбат ба соли пеш 43% қимат шуда, қариб 27 ҳазор рублро ташкил дод.

«Тақрибан 88 фоизи парвозҳо тобистони имсол дар дохили Русия ва 12 дарсад дар хориҷа анҷом дода мешаванд», — тазаккур доданд намояндагони ширкат.

Мавриди зикр аст, ки арзиши сафар дар ҳама хатсайрҳои маъмул, ба ғайр аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Беларус боло меравад.

Қаблан коршиносони хадамоти OneTwoTrip гуфта буданд, ки талабот ба чиптаҳои ҳавопаймо ба Тоҷикистону Қазоқистон миёни шаҳрвандони Русия даҳ баробар афзоиш ёфтааст. Ба рӯйхати маъруфтарин кишварҳо барои саёҳати русҳо дар моҳи июл Арманистон, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб ва ҳамчунин Гурҷистон ворид шудаанд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти хадамоти мазкур.

Аз  ҳама зиёд талаботи чиптаҳои ҳавопаймо ба Тоҷикистон (10 маротиба) ва Қазоқистон (9,4 маротиба) бештар шудааст, хабар доданд дар маркази матбуоти хадамот. Дар моҳи июл парвозҳо ба хориҷи кишвар ба ҳисоби миёна барои як нафар ба як тараф 22 ҳазору 100 рубл нархгузорӣ шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 1, 2022 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»