ТАЛАБОТ БА ЧИПТАҲОИ ҲАВОПАЙМО 10 БАРОБАР ЗИЁД ШУД! Тоҷикистон миёни кишварҳои маъруфтарин барои сафари шаҳрвандони Русия дар ҷои дуюм қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дуюмин кишвари маъруфтарин барои саёҳати шаҳрвандони Русия дар тобистони соли 2022 гардид. Дар ин бора аз маълумоти хадамоти таҳлилии сафарҳо ва саёҳати «Туту.ру» бармеояд, менависад агентии иттилоотии «Sputnik»-и Русия.
Ҳиссаи мусофироне, ки ба ин хатсайр чипта харидорӣ кардаанд, тақрибан 17,7 фоизро ташкил дод. Нархи миёнаи чипта ба ҷумҳурӣ ба 10,1 ҳазор рубл расид, ки нисбат ба соли 2021 49% камтар аст. Тоҷикистон яке аз давлатҳо барои саёҳат аст, ки дар он нархи сафарҳо баланд намешавад.
«Талабот ба кишварҳои хориҷи наздик бештар ба Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Беларус аст», — зикр шудааст дар «Туту.ру».
Тавре аз рӯйхат дида мешавад, ҷои аввалро миёни хатсайрҳои ҳавоии шаҳрвандони Русия тобистони имсол Қирғизистон ишғол намуд. Аммо нисбат ба соли 2021 нархи чипта ба ин давлат 21 фоиз афзуд ва қариб 10,5 ҳазор рублро ташкил дод.
Ба даҳ хатсайри маъруфи ҳавоӣ Гурҷистон, Исроил ва Туркия дохил шуданд. Нархи чиптаҳо ба ин кишварҳо низ боло рафтааст.
Арзиши сафар ба Исроил махсусан хеле баланд шуда, нархи чипта дар муқоиса бо соли 2021 181% афзуда, ба 42,9 ҳазор рубл баробар шуд.
Шаҳрвандони Русия барои сафар ба Туркия ҳудуди 30 000 рубл пардохт мекунанд. Нархи чиптаи ин хатсайри ҳавоӣ 139 фоиз қимат шудааст.
Нархи чиптаҳо ба Гурҷистон соли 2022 нисбат ба соли пеш 43% қимат шуда, қариб 27 ҳазор рублро ташкил дод.
«Тақрибан 88 фоизи парвозҳо тобистони имсол дар дохили Русия ва 12 дарсад дар хориҷа анҷом дода мешаванд», — тазаккур доданд намояндагони ширкат.
Мавриди зикр аст, ки арзиши сафар дар ҳама хатсайрҳои маъмул, ба ғайр аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Беларус боло меравад.
Қаблан коршиносони хадамоти OneTwoTrip гуфта буданд, ки талабот ба чиптаҳои ҳавопаймо ба Тоҷикистону Қазоқистон миёни шаҳрвандони Русия даҳ баробар афзоиш ёфтааст. Ба рӯйхати маъруфтарин кишварҳо барои саёҳати русҳо дар моҳи июл Арманистон, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб ва ҳамчунин Гурҷистон ворид шудаанд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти хадамоти мазкур.
Аз ҳама зиёд талаботи чиптаҳои ҳавопаймо ба Тоҷикистон (10 маротиба) ва Қазоқистон (9,4 маротиба) бештар шудааст, хабар доданд дар маркази матбуоти хадамот. Дар моҳи июл парвозҳо ба хориҷи кишвар ба ҳисоби миёна барои як нафар ба як тараф 22 ҳазору 100 рубл нархгузорӣ шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






