Тоҷикистон имсол ба хориҷа ба маблағи беш аз 1,2 миллиард доллар маҳсулот содирот намудааст

Август 3, 2022 14:56

ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон соли равон ба хориҷи кишвар ба маблағи 1 млрд 215,2 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 миллион доллар зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Директори Агентии содироти назди Ҳукумати мамлакат Шавкат Бобозода иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ якҷо бо барқ 1180,3 миллион долларро ташкил дод. Ҳамзамон дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз 27 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 15,5 миллион доллар ё 28,1 фоиз зиёд аст. Аз рӯи ҳаҷм содироти маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 115 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 қариб 9 ҳазор тонна зиёд аст.

Дар ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 75 ҳазор тоннаро сабзавот, қариб 19 ҳазор тоннаро меваи хушк, беш аз 15 ҳазор тоннаро меваҷот ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳанд.

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии содироти мамлакат Шавкат Бобозода афзуд, ки «моҳи майи соли равон дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2022» бо иштироки 250 нафар роҳбарону масъулини мақомоти давлатии соҳавӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва ширкатҳо гузаронида шуд. Ҳадафи форум рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ тавассути муаррифии имконоти содиротии кишвар мебошад.

Дар Форум 12 созишнома ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи 21 миллион доллар ба имзо расонида шуданд, ки ин ба содироти маҳсулоти ватанӣ ва баромадан ба бозорҳои нави фурӯши маҳсулот мусоидат менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2022 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид