ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ ТАМОМИЯТИ АРЗИИ ЧИН МЕБОШАД. Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ вобаста ба «масъалаи Тайван»

Август 4, 2022 17:15

ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳаввулоти минтақаро мавриди пайгирӣ қарор медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд.

Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Ҷумҳурии Мардумии Чин мувофиқи меъёр ва принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.

«Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Тайван бетағйир боқӣ мемонад, мо ҷонибдори сиёсати «Чини ягона» ҳастем ва мавқеи мо дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмии бунёдии Тоҷикистону Чин баён гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки аз тамоми Чин намояндагӣ мекунад, ягона ҳукумати қонунӣ эътироф мекунем», — омадааст дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон.

АКС аз бойгонӣ

Август 4, 2022 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид
Нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ дар қолаби С5+Олмон баргузор гардид