Тоҷикистон ва Фаластин ҳамкориро дар муқовимат ба коррупсия тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионии Давлати Фаластин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар муқовимат ба коррупсия ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Санади мазкурро Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Раиси Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин Роид Муҳаммад Радван имзо намуданд.
Сулаймон Султонзода иброз намуд, ки Агентӣ ҳамеша ҷонибдори ба роҳ мондан ва таҳкими ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар муқовимат бо коррупсия буда, ба имзо расонидани ёддошти мазкур заминаи мусоид барои рушди ҳамкории минбаъда бо Давлати Фаластин мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи имзои ёддошти тафоҳум муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи муқовимат ба коррупсия буда, барои андӯхтани тарҷибаҳои илмӣ-амалӣ дар ин самт равона гардидааст.
Ҳайати Фаластин ҳамзамон бо дастовардҳои Агентӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дастовардҳои илмӣ-амалӣ, китобхона, толорҳои баргузории ҷаласаҳои васеъ ва шароити фаъолияти кормандони Агентӣ шинос гардид.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ








10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид






