«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 80 нафар довталабон аз шаҳри Душанбе дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд

Август 25, 2022 13:08

ДУШАНБЕ, 25.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз шаҳри Душанбе 80 нафар довталабон роҳхат гирифтанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

Аз 15 то 18 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардида, дар он 228 нафар довталабон аз рӯи номинатсияҳои навозандагӣ, сарояндагӣ ва композиторӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

Ҳайати ҳакамони озмун ба маҳорати иштирокчиён баҳогузорӣ карда, беҳтаринҳоро ба даври ниҳоӣ роҳхат дод.

Ёдовар мешавем, ки озмун бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбии ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон маҳсуб мешавад.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Август 25, 2022 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид