««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонон доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» 3 август дар назди майдони Парчами давлатии шаҳри Бӯстон, ки дар он тарҳи шоҳасари «Тоҷикон» бо баландии 5 метр ва паҳноии 3 метр насб шудааст, бо иштироки волонтёрон, ҷавонони фаъол ва омӯзгорону кормандони соҳаҳои мухталиф таҳти унвони ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ҳамоиши ҷавонон доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.
Дар ҳамоиш оид ба аҳамияти таърихии асари безаволи «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва шартҳои озмуни мазкур иттилоъ дода шуд.
Иштирокдорони ҳамоиш аз китоб порчаҳо хонда, оид ба саволҳои дар озмун пешниҳодгардида миёни ҳам мубодидаи афкор карданд.
Мавриди зикр аст, ки 7 июли соли 2022 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ба тасвиб расид.
Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тантанаҳои идонаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар хонадони тоҷик шоҳасари «Тоҷикон» тақдим карда шуд.
11 ҳазору 120 адади ин туҳфаи пурарзиш аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Бӯстон низ ворид ва ба оилаҳо тақдим гардид.
АКС: МИҲД-и шаҳри Бӯстон








Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»






