Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рими Италия намоиши осори мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик ба маърази тамошои шаҳрвандон ва сайёҳони ин кишвари қадим пешниҳод мегардад.
Осори муаррифишаванда ба давраи антиқаи миллати тоҷик мансуб буда, ҳамрадифи рушди Рими қадим ва рушди тамаддуни миллати бостонии тоҷик мебошад.
Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иштирокчии ин намоишгоҳ-директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода иброз намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибфарҳангу ботамаддун густариши робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстонаро аз авлавияти сиёсати хориҷии худ эълон намуда, ҳамкории фаъолу самарабахши фарҳангию башардӯстонаро бо давлатҳои олам, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Италия тавсеа мебахшад. Баргузории ин намоишгоҳ намунаи барҷастаи ҳамин ҳамкорӣ бо Италия мебошад.
«Миллати тоҷик тамаддунофар буда, дар таърихи умумии инсоният мақоми шоиста дорад. Намунаҳои пешниҳодшаванда дар намоишгоҳ имкон медиҳанд, ки мардуми Аврупо бо дидани осори гаронбаҳо ҷаҳони маънавии худро оид бо давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик ва имрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол ғанӣ гардониданд. Ин ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф замина мегузорад»,-афзуд Шералӣ Хоҷазода.
Изҳор гардид, ки зимни тамошои намоишгоҳ мардуми Аврупо бо санъати меъмории миллӣ, расму ойин, таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва дар маҷмуъ, бо таърихи оламшумули миллати тоҷик шинос мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 иброз доштанд, ки «эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад».
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






