«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр нашрияи фарҳангии итолиёвии «La Rivista Culturale» мақолаи рӯзноманигор Мелисса Пинятелли (Melissa Pignatelli)-ро таҳти унвони «Tajikistan, una cultura da scoprire» («Тоҷикистон—фарҳанге, ки бояд кашф кард») нашр намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Мақола ба намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир», ки дар Осорхонаи тамаддунҳо (Museo delle Civiltà — MUCIV)-и шаҳри Рим 20 октябр оғоз гардид, бахшида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон–кишвари ёдгориҳои нодир» 80 ёдгории нодири таърихию фарҳангӣ, ки давраи аз асри 6 пеш аз милод то асри 21-ро фаро мегиранд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ҳар нигора бозгӯйи саҳифаҳои муҳими таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик буда, барои муаррифии мероси ғании фарҳангии Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ аҳамияти хос дорад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид






