Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи XIV байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид, ки то 24 октябр идома меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар оғози намоишгоҳ иброз гардид, ки «намоиши китоб яке аз воситаҳои муҳими фарҳангӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ ба шумор меравад. Он на танҳо ба муаррифии дастовардҳои илмиву адабӣ, балки ба мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангӣ низ равона гардидааст. Давлатҳо тавассути китоб таърих, арзишҳо ва тамаддуни худро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд».
Дар намоишгоҳ беш аз 30 муассисаи нашриявии ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар давлатҳо иштирок доранд.
Ҳадафи асосии намоишгоҳ рушди соҳаи табъу нашр, тарғиби фарҳанги китобхонӣ, муаррифии дастовардҳои ноширони ватаниву хориҷӣ, густариши ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои касбӣ байни намояндагони соҳаи нашри китоб мебошад.
Дар намоишгоҳ китобҳои тозанашри илмию адабӣ ва бадеӣ пешниҳоди дӯстдорони китоб гардонида шудаанд.
Дар Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди китобу китобдорӣ, нашри асарҳои арзишманди таърихию адабӣ, баланд бардоштани завқи китобхонии аҳолӣ ва тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» барномаи фарҳангӣ ва маърифатии гуногунҷанба пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, имрӯз конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Фарҳанги тарғиби китобхонӣ дар шароити феълӣ» баргузор мешавад.
23 октябр ҳамоиш дар мавзуи «Арзишҳои инсонгароӣ дар адабиёти форсу тоҷик» ва муаррифии китобҳои тозанашр доир мегардад.
Инчунин дар назар аст, ки 24 октябр мизи мудаввар дар мавзуи «Рушди адабиёти бачагона», маросими пӯшидашавии намоишгоҳ ва супоридани дипломҳо ба иштирокдорон баргузор шаванд.
Давоми се рӯзи баргузории намоишгоҳ иштирокчиён ва меҳмонон имкон пайдо мекунанд, ки китобҳои тозанашр, маҳсулоти табъу нашр, дастовардҳои ноширони ватаниву хориҷӣ ва намунаҳои гуногуни адабиёти бадеӣ, илмӣ, таърихӣ ва бачагонаро харидорӣ намоянд.
Намоишгоҳ ҳамарӯза аз соати 09:00 то 17:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.
Баргузории ин чорабинии муҳими фарҳангӣ ба рушди соҳаи табъу нашр, дастгирии ноширони ватанӣ, ҷалби бештари ҷомеа ба китобхонӣ, таҳкими робитаҳои адабию фарҳангӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд






