ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Бар асари об шудани пиряхҳо хатари омадани сел таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 20.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ бар асари об шудани пиряхҳо хатари омадани селҳо таҳдид мекунад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки эҳтиёткор бошанд. Барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатари эҳтимолӣ селроҳаҳо, каналҳо ва ҷӯйборҳои назди хонаҳояшонро аз хасу хошок ва партовҳо тоза намоянд.
Инчунин тавсия дода мешавад, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум, алафдаравӣ, чорвочаронӣ ва ба соҳили рӯдхонаҳо барои моҳидорӣ худдорӣ намоянд.
Ба кӯҳнавардон, гардишгарон ва ронандагон маслиҳат дода мешавад, ки ҳангоми сафар дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ эҳтиёт бошанд, бахусус ронандагон бояд қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро ҷиддӣ риоя намоянд.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода бо рақамҳои 112 ва ё 93 880 28, 223 13 11, ки шабонарӯзӣ фаъоланд, муроҷиат намоянд.
АКС: КҲФ ва МГ








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






