Варзишгарони тоҷик ба рейтинги ҷаҳонии гӯштингирон шомил шуданд
ДУШАНБЕ, 25.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (United World Wrestling) рейтинги (раддабандӣ) нави гӯштигирони тарзи озод ва юнонӣ-румиро, ки ба он намояндагони Тоҷикистон низ шомил гардиданд, нашр кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бино ба маълумоти UWW, дар рейтинги ҷаҳонии гӯштини тарзи озод панҷ варзишгари тоҷик, аз ҷумла Ҳикматулло Воҳидов дар вазни 57 кг (зинаи 40), Муҳаммад Икромов дар вазни 61 кг (зинаи 44), Мустафо Аҳмадов дар вазни 70 кг (зинаи 48), Муборакшо Курбонбеков дар вазни 70 (зинаи 72) ва Шуҳрат Бозоров дар вазни 79 кг (зинаи 62) шомил гардидаанд.
Дар рейтинги беҳтарин гӯштигирони юнонӣ-румӣ дар ҷаҳон намояндагони Тоҷикистон низ ҳастанд. Дар он Асламҷон Азизов дар вазни 55 кг дар ҷои 25-ум, Далер Ризозода дар вазни 77 кг дар зинаи 30-юм ва Сӯҳроб Абдулхаев дар вазни то 82 кг дар ҷои 62-юм қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан рейтинги расмии варзишгарон дар намуди гӯштин тартиб дода намешуд, аммо роҳбарияти нави Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (UWW) дар мисоли дигар федератсияҳои байналмилалии ҳунарҳои размӣ тасмим гирифт, таҷрибаи гурӯҳбандии паҳлавононро аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷорӣ кунад.
Бояд гуфт, ки Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (UWW) барои паҳлавононе, ки аз рӯи натиҷаҳои мавсими гузашта ба сегонаи беҳтарини рейтинг шомил шуданд, ҷоизаҳои пулӣ таъсис дод. Маблағи умумии ҷоиза 600 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Барои ҷои аввал дар ҳар вазни рейтинги 10 ҳазор доллар, ҷои дуюм — 7 ҳазор ва сеюм — 3 ҳазор доллар ҷоиза пешбинӣ шудааст
Акс: UWW








Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид






