Завқӣ Завқизода ва намояндагони Бонки Исломии Рушд масоили мушкилоти ирригатсионии ноҳияи Панҷро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мушкилоти ирригатсионии ноҳияи Панҷ, вазъи пойгоҳҳои обкашӣ ва омода намудани ҷузъиёти техникӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи «Барқарор намудани системаҳои обёрӣ ва сохтмони канализатсия дар ноҳияи Панҷ» зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо намояндагони Бонки Исломии Рушд Данияр Абилхан ва Данияр Акбасов баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд, зимни вохӯрӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ масъалаҳои мушкилоти ирригатсионии ноҳияи Панҷ, вазъи пойгоҳҳои обкашӣ ва омода намудани ҷузъиёти техникӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи «Барқарор намудани системаҳои обёрӣ ва сохтмони канализатсия дар ноҳияи Панҷ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
З. Завқизода зикр намуд, ки «яке аз мушкилоти аввалиндараҷаи сокинони ноҳияи Панҷ- ин норасоии оби полезӣ ва қисман нӯшокӣ ба ҳисоб рафта, барқарор кардани инфрасохтори ирригатсионии ин заминҳо барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи кор, бамаротиб зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа, даромади буҷет ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии 124 ҳазор нафар сокинони ноҳия мусоидат мекунад».
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ масъалаҳои маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ баррасӣ шуданд.
То имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи БИР 86 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 641 млн доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, дар айни замон 23 лоиҳа ба маблағи 285 млн доллар амалӣ мегарданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Завқӣ Завқизода аз сатҳи баланди ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд изҳори минатдорӣ намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун баён дошт.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар Душанбе ҷаласаи Ситод оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳоти Хуррамзамини ноҳияи Данғара муассисаи томактабӣ барои 300 кӯдак бунёд карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Файзобод дар шаш моҳ 10,6 миллион сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидааст
Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод
Барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад
Беш аз 60 маркази шаҳру ноҳияҳо бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд
Дурнамои ҳамкории дуҷонибаи вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
35 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН. Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо аз Истиқлолияти Тоҷикистон сарчашма мегирад
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб ба беш аз 5 миллиард сомонӣ расонида шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли обҳои ташнагишикан бунёд карда мешавад
Бонкҳо ва ташкилоти қарзии Тоҷикистон ба соҳибкорон беш аз 6,3 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд






