«ЗИНДА МОНУ НАҶОТ ДЕҲ!». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ дар шаш моҳи соли равон кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти 189 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро наҷот доданд. Наҷотдиҳанда будан ифтихор аст ва муҳимтар аз ҳама, касбест, ки шуҷоату ҷасорат мехоҳад. Ин касб дар пай арзиши сипосу эҳтиром дорад.
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таҷлил мегардад.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ баҳри расонидани ёрӣ ба аҳолӣ зимни сар задани ҳолатҳои фавқулода Ҳукумати мамлакат 17 августи соли 1994 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро таъсис дод. Имсол ба таъсиси ин ниҳод 28 сол пур шуд.
Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ иброз намуд, «моҳи августи соли 1989 дар заминаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон барои таъмини бехатарии аҳолӣ, инчунин пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаҳо Гурӯҳи ҷумҳуриявии вокуниши фаврӣ ташкил карда шуд. Дастаи ҷумҳуриявии вокуниши фаврӣ то соли 1994 фаъолият дошта, ягона сохтори касбии наҷотдиҳӣ дар кишвари мо буд. Дар он замон шумораи наҷотдиҳандагон 20 нафар буд. Дар ибтидо душвориҳо зиёд буданд, чун нарасидани кадрҳои касбӣ, набудани воситаҳои махсуси техникӣ барои гузаронидани чорабиниҳои фавқулодаи наҷотдиҳӣ ва ғайра».
Кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз омодаанд дар ҳар дарду кулфат, ҳар нохушиву офат дар паҳлӯи мардум бошанд. Дар ҷумҳурии мо, чун дар дигар гӯшаҳои олам, мутаассифона, ҳолатҳои фавқулода зиёд рух медиҳанд. Шиори наҷотдиҳандагон ин аст: «Зинда мону наҷот деҳ!». Онҳо ҷони худро дар хатар меандозанд ва бо истифода аз маҳорату малака қарзи шаҳрвандии худро иҷро карда, ҳаёти одамонро наҷот медиҳанд.
Ба гуфти Умеда Юсуфӣ, «дар шашмоҳаи якуми соли равон наҷотдиҳандагони Кумита ва сохторҳои наҷотдиҳии он 389 (2021 — 383) баромади фаврӣ-амалиётӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа 65 шаҳрванди ҷумҳурӣ наҷот ёфтанд. Дар ин давра баҳри таъмини бемонеаи роҳҳои ағбагузари кишвар, амнияти ронандагон ва мусофирон дар мавсими зимистон ҳайати шахсии Раёсати хадамоти таъйиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ дар километри 62-юми минтақаи Майхӯра ва километри 72-юми нақби «Истиқлол»-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва ноҳияи Ванҷи ВМКБ гурӯҳҳои навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намуда, дар якҷоягӣ бо ширкати «Innovative Road Solutions LTD» дар Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ монданд».
Бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди ҳамкории минбаъда дар самти огоҳсозӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ва баланд бардоштани сатҳи самаранокии он Кумита ҳамкориро бо давлатҳои манфиатдор ва ташкилоти байналмилалӣ таҳким бахшид. Соли 2022 роҳбарияти Кумита бо намояндагон ва роҳбарони 54 созмони байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ходисаҳои табиӣ, баланд бардоштани иқтидори техникии воҳидҳои наҷотдиҳӣ вохӯриҳои судманд баргузор намуд.
Дар доираи татбиқи амалии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 ва Барномаи рушди Кумита барои солҳои 2018-2022 дар шашмоҳаи якум якчанд корҳо иҷро гардиданд.

5 июли соли 2022 дар Душанбе дар доираи лоиҳаи Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо дастгирӣ ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва давлати Фаронса барои омода намудани наҷотдиҳандагон, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии онҳо, инчунин омӯхтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳони муосир дар самти огоҳонӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода ва расонидани ёрӣ ба аҳолии зери хавф қарордошта сохтмони марҳилаи якуми Маркази тайёр намудани наҷотдиҳандагон ба итмом расид.
«Кумита дорои қисмҳои ҳарбӣ буда, аскароне, ки дар онҳо хизмат мекунанд, пеш аз ҳама, дар рафъи ҳолатҳои фавқулода фаъолона иштирок менамоянд. Кормандони мо ҳамарӯза дар ҳолати омодабоши доимӣ қарор дошта, вобаста ба имконияти мавҷуда барои пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ талош доранд. Агар мабодо ҳолати фавқулода рух диҳад, шаҳрвандон метавонанд бо телефонии 112 занг зананд»,- гуфт Умеда Юсуфӣ.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз КҲФ ва МГ








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






