БА ЗИММАИ ТУ МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ — ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ГУЗОШТА МЕШАВАД! Чунин хитоб кардаанд ҳизбиёни шаҳри Норак ба ҷавонони синни даъватӣ
ДУШАНБЕ, 30.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дўсти азиз! Ту акнун ҷавони ҳаждаҳсола шудӣ, ба камол расидӣ! Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба ту масъулияти бузург — хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта мешавад. Инсон дар ҳаёти худ якчанд рисолати ҷавонмардиро бояд иҷро намояд. Яке аз инҳо хизмат ба Ватан аст, чунин дарҷ ёфтааст дар варақаҳои иттилоотие, ки бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак дастраси ҷавонони синну соли даъватӣ гардиданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак иттилоъ медиҳад, варақаҳои мазкур таҳти шиори «Ҳифзи Ватан — Модар қарзи ҷавонмардии мост!» дар кўча ва бозори марказии шаҳр ба ҷавонон тақсим карда шуданд.
«Ватан ин ҳамон қаламравест, ки дар тўли ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он умр ба сар бурдаанд, ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангида, хун рехтанд, дар роҳи ҳифзи нангу номуси хеш шаҳид шуданд ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрўз Тоҷикистон ном дорад, ба хоки абадӣ рафтаанд», -омадааст дар варақаи иттилоотӣ.
Дар варақаи мазкур ҳамчунин ба даъватшавандагон чунин хитоб шудааст: «Акнун дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ масъулияти басо бузург, яъне хизмати Ватан ба зимаат гузошта мешавад. Артиш мактаби бузурги матонату мардонагӣ ва далериву шуҷоат мебошад. Пайваста кўшиш намо, ки дар давоми хизмати ҳарбӣ худатро ҷисману руҳан обутоб диҳӣ. Супоришҳои ҳарбиро бо дили соф, саривақт ва сарбаландона иҷро намо!».
Ёдовар мешавем, ки аз 1 октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Ба ин муносибат чанд рўз пеш бо иштироки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷамъомаду ҳамоишҳои гуногуни пеш аз даъватӣ баргузор гардиданд.
Дар ҷаласае, ки бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойгоҳи қисми низомии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид, дар он дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» иҷрои талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвату гусели шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баррасӣ шуд.
Супориши қатъӣ дода шуд, ки масъулини ин чорабинии муҳими сиёсӣ, пеш аз ҳама, ҳамкориро бо мардум ҷоннок намуда, ба масоили ташкилу ба роҳ мондани сифати даъват диққати аввалиндараҷа диҳанд ва дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тамоми шароити заруриро барои ҳайати комиссияҳои даъватӣ муҳайё созанд. Илова бар ин, дастур дода шуд, ки вобаста ба муроҷиати мардум дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда сари вақт қарори дахлдор қабул намоянд.
Таъкид гардид, ки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, ташхису муоинаи тиббӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари фарзандони шахсони мансабдор, пешгирӣ аз ҷинояту роҳҳои ғайриқонунии даъват, омода кардани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, риояи дурусти пӯшидани сару либоси низомӣ, ташкилу роҳандозӣ намудани дарсу машғулияти соҳавӣ ва ба масоили муомилаву муносибати хуб бо шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, кӯшиш намоянд, ки ҷавонони солиму бардам ва болаёқатро интихоб ва ба сафи Артиши миллӣ равона созанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
Акс: маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КМ ҲХДТ дар шаҳри Норак










Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд






