Абдураҳмон Аламшозода дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 09.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 8 сентябр дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд. Дар он ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ ва Маркази зиддитеррористии ИДМ иштирок намуданд. Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои дохилии ҶТ, генерал-лейтенант Абдураҳмон Аламшозода роҳбарӣ кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Улан Ниязбеков, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Марат Иманқулов, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон Пӯлат Бобоҷонов, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Ахметжанов, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус Иван Кубраков, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон Эйвазов Вилаят Сулейман оглу, сардори полиси Ҷумҳурии Арманистон Ваге Казарян, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ ва Маркази зиддитеррористии ИДМ Олег Коновалов, сардори Маркази зиддитеррористии ИДМ Евгений Сисоев ва намояндаи Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ дар Кумитаи иҷроияи ИДМ Валерий Дубровский ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни ҷаласа доираи васеи масъалаҳоро оид ба андешидани чораҳои муштарак дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла вазъи ҷинояткорӣ дар давлатҳои Иттиҳод, татбиқи барномаҳои байнидавлатии мубориза бо ҷиноятҳои махсусан хавфнок – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа, мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ, терроризм ва экстремизм муҳокима карданд.
Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории мақомоти корҳои дохилии кишварҳои ИДМ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои киберӣ, ҷустуҷӯи ҷинояткорони махсусан хавфнок, муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нави психоактивӣ, психотропӣ ва нашъадор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа қарорҳои дахлдор ба имзо расиданд.
Дар назар аст, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ соли 2023 дар Қазоқистон баргузор шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ








Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид






