Ҳайати Узбекистон барои иштирок дар барномаҳои идонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф овард

Сентябрь 8, 2022 14:02

ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарии ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ҷиҳати иштирок дар барномаҳои идона ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф овард, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти Раиси вилояти Суғд.

Дар доираи сафари меҳмонон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ намоиши молу маҳсулоти вилояти Фарғона ташкил карда шуда, Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Фарғона гузаронида мешавад.

Ҳамчунин имрӯз дар шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров мулоқот намуд.

Дар мулоқоти дуҷониба гуфта шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ миёни минтақаҳои ду кишвар тавсеа ёфта, мубодилаи молу маҳсулот дар ҳоли афзоиш аст.

Зикр шуд, ки вилояти Суғд бо вилоятҳои Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон ва Тошканд ҳамкории хуби иқтисодӣ дошта, соҳибкорони тоҷику узбек дар амалисозии лоиҳаҳои муштарак фаъолона иштирок доранд.

Соли 2021 мубодилаи молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Узбекистон 207,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ҳашт моҳи соли равон ин рақам ба 197 миллион доллар баробар гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки вилояти Суғд дорои имконоти фаровон буда, доираҳои соҳибкории ду тараф метавонанд дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла мубодилаи молу маҳсулот, ташкили корхонаҳои нав дар самти коркарди пахта, меваю консерва, истеҳсоли либос ва пойафзол ҳамкориро тақвият бахшанд.

Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров дар ҷараёни мулоқот фарорасии 31-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми тоҷик табрик гуфта, зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ марҳилаи нави рушди муносибатҳо фаро расидааст. Ӯ аз густариши равобит миёни вилоятҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ баён дошт.

Ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз имконияти мавҷуда барои тақвияти ҳамкории иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуда, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар назар аст, ки давоми рӯз мулоқоти намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони ду тараф доир шуда, ҷонибҳо баҳри таҳкими ҳамкорӣ мубодилаи афкор намоянд.

АКС: Хадамоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 8, 2022 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд