ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Барои барқарорсозии хонаҳои сокинони деҳоти Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситоди махсус ташкил мешавад

Сентябрь 20, 2022 13:38

ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз хонаҳои истиқоматии сокинон, ки бар асари ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон зарар дидаанд, боздид намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ва Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия бар асари ҳамлаи ноҷавонмардонаи низомиёни кишвари ҳамсоя якчанд хонаи истиқоматӣ хароб гардида, теъдоде қисман зарар дидаанд.

Раиси вилоят аснои боздид барои ташкили ситоди махсус ва омӯзиши хонаҳои харобшудаву зарардида, ҷалби қувваи иловагӣ барои бартарафсозии оқибатҳои ҳуҷуми мусаллаҳонаи низомиёни қирғиз ва сари вақт тоза намудани манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ба масъулин супоришҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 20, 2022 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд