ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Муовини Раиси ноҳияи Мурғоб Абдулқаюм Мурзамат мегӯяд «бо паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ душманони ду миллат мехоҳанд вазъро нооромтар созанд»
ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мо шоҳиди онем, ки то омодани роҳбарияти имрӯзаи Қирғизистон баҳсҳое, ки дар сарҳад ба амал меомаданд, бо роҳи сулҳ ҳал мешуданд. Масъалаи баҳси сарҳадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба талафоти ҷонии ду тараф овард, вақтҳои охир доғи рӯз гашта, маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронкунанда аст: душманони ду миллат мехоҳанд вазъи ба вуҷудомадаро боз ҳам нооромтар созанд,- чунин ибрози назар намуд муовини Раиси ноҳияи Мурғоби ВМКБ Абдулқаюм Мурзамат ба АМИТ «Ховар».
«Мо, сокинони ноҳияи Мурғоб ба оилаи ҳалокшудагон ҳамдардӣ баён намуда, умед дорем, ки ин масъала дар доираи ақли солим ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро меёбад ва ду миллат минбаъд низ бо ҳам дӯсту бародарона умр ба сар мебаранд. Вазъи ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки тамоми ақлу заковат, кӯшишу ғайрат, фаъолияти самаранокамонро ба таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем»,- зикр дошт Абдуқаюм Мурзамат, ки худ қирғизтабор аст.
Сокинони ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраҳои қадим дар якҷоягӣ бо тоҷикон дар фазои дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтироми анъанаҳои миллии ҳамдигар зиндагӣ доранд.
Муовини Раиси ноҳияи Мурғоб Абдулқаюм Мурзамат гуфт, ки «мо мехоҳем дӯстии мо поянда бошад, то ба дигарон дарси ибрат шавад. Ба хотири ҳамсоягии таърихии мо, фароҳам овардани зиндагии ором барои наслҳои ояндаи ҳарду миллат ва канда нашудани риштаи дӯстию бародарии ин ду миллати ҳамсоя боварӣ дорем, ки кулли масъалаҳо ба тариқи сулҳу субот ҳалли худро меёбанд».
АКС: МИҲД Мурғоб








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






