ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳи низомиён ва шаҳрвандони қирғиз парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард
ДУШАНБЕ, 24.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. 14-17 сентябри соли 2022 хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади халалдор намудани истиқлолият, тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғасб намудани ҳудуди мамлакат аз техникаи ҳарбӣ ва силоҳҳои оташфишони гуногунтамға, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин ба дидбонгоҳҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва деҳаҳои аҳолинишин, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Лахш ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд.
Тавре дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тафтиши пешакӣ муайян кард, ки Ҷумҳурии Қирғизистон қаблан нақшаи ҷанги таҷовузкоронаро бо мақсади ғасби ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ намуда, дар маҳалҳои наздисарҳадӣ ба миқдори зиёд техникаҳои ҳарбии вазнини заминию ҳавоӣ ва шумораи зиёди хизматчиёни ҳарбиро ҷой дода, зиёда аз 140 ҳазор сокинони маҳаллии наздисарҳадии худро пешакӣ аз манзилҳои истиқоматӣ ба дигар минтақаҳо кӯчонидааст ва якбора ба ҳудуди 4 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона карда, барқасдона хилофи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба минтақаҳои ғайринизомӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, масҷид, беморхонаҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, занон, кӯдакон ва аҳолии мулкӣ зарбаҳои ҳалокатовар зад.
Дар натиҷа садҳо хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони осоишта ҷароҳатҳои гуногун бардошта, даҳҳо нафар ҳалок гардидаанд. Ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти муҳими ҷамъиятиву давлатӣ ва техникаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари зиёд расонида шудааст.
Бинобар ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастрасии қисми 2 моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона), қисми 2 моддаи 104 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гурӯҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ), қисми2 моддаи 403 (барқасдона вайрон намудани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар), қисми 2 моддаи 309 (диверсия) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Дар айни замон гурӯҳи тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, корҳои тафтишӣ давом доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






