ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳи низомиён ва шаҳрвандони қирғиз парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард

Сентябрь 24, 2022 08:31

ДУШАНБЕ, 24.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. 14-17 сентябри соли 2022  хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади халалдор намудани истиқлолият, тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғасб намудани ҳудуди мамлакат аз техникаи ҳарбӣ ва силоҳҳои оташфишони гуногунтамға, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин ба дидбонгоҳҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва деҳаҳои аҳолинишин, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Лахш ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд.

Тавре дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тафтиши пешакӣ муайян кард, ки Ҷумҳурии Қирғизистон қаблан нақшаи ҷанги таҷовузкоронаро бо мақсади ғасби ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ намуда, дар маҳалҳои наздисарҳадӣ ба миқдори зиёд техникаҳои ҳарбии вазнини заминию ҳавоӣ ва шумораи зиёди хизматчиёни ҳарбиро ҷой дода, зиёда аз 140 ҳазор сокинони маҳаллии наздисарҳадии худро пешакӣ аз манзилҳои истиқоматӣ ба дигар минтақаҳо кӯчонидааст ва якбора ба ҳудуди 4 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона карда, барқасдона хилофи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба минтақаҳои ғайринизомӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, масҷид, беморхонаҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, занон, кӯдакон ва аҳолии мулкӣ зарбаҳои ҳалокатовар зад.

Дар натиҷа садҳо хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони осоишта ҷароҳатҳои гуногун бардошта, даҳҳо нафар ҳалок гардидаанд. Ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти муҳими ҷамъиятиву давлатӣ ва техникаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари зиёд расонида шудааст.

Бинобар ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастрасии қисми 2 моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона), қисми 2 моддаи 104 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гурӯҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ), қисми2 моддаи 403 (барқасдона вайрон намудани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар), қисми 2 моддаи 309 (диверсия) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар айни замон гурӯҳи тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, корҳои тафтишӣ давом доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 24, 2022 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд