ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Сафири Тоҷикистон ба ҷониби Ҷопон оид ба рӯйдодҳои фоҷиабори сарҳад иттилои муфассал дод
ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов бо муовини сардори Департаменти Аврупои ин ниҳод сафир Икегами Масаки баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Зимни мулоқот ҷонибҳо мавзуъҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасии муфассал қарор доданд. Ҳамчунин Сафир ҳамсуҳбатро бо вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон шинос намуд»,- таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки 14-18 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода кард.
Маълумоти муфассали расмӣ дар бораи амалҳои таҷовузкоронаи Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хронологияи рӯйдодҳо дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр шудааст.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






