ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Тибқи қисми 2-и моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқоти ҷанг манъ аст

Сентябрь 23, 2022 10:58

ДУШАНБЕ, 23.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи қисми 2-и моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташвиқоти ҷанг манъ аст. Яъне, мо тарғиб ва ташвиқи ҷангро дар дохил ва хориҷ аз сарҳади давлатӣ қабул надорем, ҳангоми муайян намудани сиёсати дохилӣ ва берунӣ ба меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бартарӣ дода (қисми 3-и моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), онҳоро ба таври шоиста иҷро менамоем. Дар асоси моддаи 51-и Оинномаи СММ давлат ҳуқуқи худмудофиаро доро мебошад, дар сурате, ки давлати дигар ба сарҳади он ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳад. Ин матлабро ҳуқуқшинос, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Некруз САФАРЗОДА баён намуд.

Ба зикри ҳуқуқшинос, ҳуҷуми таҷовузкорона ва ғайриинсонии низомиёни Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-17 сентябр бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки Қирғизистон ба таври ошкоро меъёрҳои муқаррарнамудаи конвенсияҳои Женева ва ду протоколи иловагӣ ба онҳоро комилан риоя накарда, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстиро дағалона вайрон кард.

«Зеро дар моддаи 56 Оинномаи СММ пешбинӣ мегардад, ки давлатҳои аъзои созмон вазифадоранд санадҳои дар доираи мақомоти асосии Созмон қабулгардидаро ба таври қатъӣ риоя ва иҷро намоянд, ки онҳо ба таъмин намудани сулҳу амнияти байналмилалӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон равона шудаанд», — гуфт ӯ.

Аз  ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ риоя ва амалӣ мешаванд. Ин аст, ки Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибати дипломатӣ ва робитаҳои дӯстӣ барқарор намудааст. Инчунин зиёда аз 57 ташкилоти байналмилалӣ моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба узвияти худ пазируфтаанд.

Ҷомеаи байналмилалӣ аз ибтикор ва ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини сулҳи ҷаҳонӣ, амнияти минтақавӣ, решакан намудани терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи инсон ва пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир комилан огоҳ аст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 23, 2022 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон