ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Золим ноком ва ҳар мағруре мағлуб аст, — Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шӯрои уламо

Сентябрь 19, 2022 14:17

ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/.  «Золим ноком  ва ҳар мағруре мағлуб аст. Золим барои он ноком аст, ки  болои инсонҳои осоишта, бесилоҳ, хусусан намозхонони масҷид  тир холӣ мекунад ва  ин зулм ҳисобида мешавад. Чаро ки дар он масҷид  инсонҳои осоишта қарор доштанд, на одамони  силоҳдори равона ба ҷанг. Ин одамон бо мақсаде ба масҷид рафта буданд, ки парвардигорашонро саҷда кунанд ва бо шукргузорӣ барои пойдории сулҳу субот ва осоиштагии Тоҷикистон дуо намоянд». Чунин баёни назар намуд Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода вобаста ба ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон 16 сентябр ба масҷиди ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров, ки дар натиҷаи он 12 нафар сокини осоиштаи ин диёр зимни ибодат кушта шуданд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода мегӯяд, ки «навореро дидам, ки  чанд нафар низомиёни қирғиз дар сари компютер нишаста, бо дидани  таркиши масҷиди мазкур қаҳ-қаҳа ва каф мезананд, мисли он ки дунёро гирифта бошанд. Чӣ қаҳрамоние карданд онҳо? Мӯйсафедони солхӯрдаеро, ки барои ибодат ба масҷид рафта буданд, қатл карданд. Ин ваҳшоният нест? Аз ин рафтори онҳо инсон дар ҳайрат мемонад. Ақл куҷост, инсоният, шарофат ва нангу номус куҷо шуданд? Бояд, ки шахси мусалмон  ҳамеша аз рӯи ақлу хирад ва дурандешона амалу рафтор намояд».

«Ба қатл расонидани аҳолии осоишта, чӣ дар масҷид, чӣ дар навоҳии наздимарзӣ гуноҳи азим ва нобахшиданист. Ин таҷовуз аст, ин зӯроварист, ки одамонро барои ватанашон, барои хонаву дарашон омада, мепаронанд. Онҳое, ки хуни ноҳақ рехтаанд,  барои ҳар қатраи он дар ин дунё ва дар охират ҷазо мебинанд. Зеро Худовандаи азза ва ҷалла бегуноҳ ба қатл расонидани инсонҳоро намебахшад ва онҳо ҳатман ҷазояшро мебинанд», — гуфт Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 19, 2022 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАЁМЕ, КИ ҲАМА НУРУ НАВИД АСТ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — ДАСТУРАМАЛ ВА РОҲНАМО. Дар Душанбе ҳамоиши илмӣ доир гардид
Ризо Солеҳии Амирӣ: «Аз ҳар муваффақияти Тоҷикистон ҳушҳолу сарфароз мешавем»
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази пажуҳишии Шурои исломии Эрон ҳамкорӣ дар самти таҳқиқотро густариш медиҳанд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетикӣ ва биотехнологияи Эрон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Аҳли илму адаби Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон баррасӣ гардид
«Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» гардиданд
Дар Душанбе робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Дар Душанбе Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе Форуми олимону пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва Эрон оғоз гардид