БА ХОТИРИ ҲИФЗИ ҲАЙВОНОТИ НОДИР. Беш аз 92 тонна ангишт харидорӣ ва ба аҳолии ноҳияи Мурғоб ирсол гардид

Сентябрь 13, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳифзу нигаҳдорӣ ва аз фасли зимистон беталаф баровардани ҷонварони нодири кӯҳӣ барои аҳолии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 92 тоннаю 500 кг ангишт харидорӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Бо мақсади таъмин намудани гармӣ дар хонаҳо ва омода намудани маводи ғизоӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ, аз ҷумла дар ноҳияи Мурғоб дар фасли зимистон аҳолии ин минтақаҳо алафҳои кӯҳиеро, ба мисли терескен истифода мебурданд, ки асосан хӯроки ҳайвоноти нодир ба шумор мерафт. Бинобар он ки аҳолӣ солҳои охир аз ин намуди растанӣ зиёд истифода мекард, миқдори он дар кӯҳистон рӯ ба камшавӣ ниҳод ва ҳайвоноти нодир бе ғизо монданд.

Бинобар ин, аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзу нигаҳдорӣ ва аз фасли зимистон беталаф баровардани ҷонварони нодири кӯҳӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси соҳавӣ барои аҳолии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 92 тоннаю 500 кг ангишт харидорӣ ва  ба ноҳияи мазкур дастрас карда шуд.

Иқдоми мазкур бо ин мақсад ҳамасола роҳандозӣ карда мешавад, то  ҳайвоноти нодири кӯҳӣ дар мавзеъҳои мавриди назар рӯ ба афзоиш биёранд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд