БА ТАВАҶҶУҲИ САЙЁҲОН! Душанбе дар раддабандии арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои истиқомати хориҷиён дар сегонаи аввал қарор дорад

Сентябрь 1, 2022 11:25

ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати байналмилалии машваратии Mercer бар асоси арзиши зиндагии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳрҳои ҷаҳон раддабандӣ тартиб додааст. Ҷойҳои якум ва сеюмро мутаносибан пойтахтҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон ишғол кардаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «CentralAsia» иттилоъ додааст.

Ба «сегона»-и аввали шаҳрҳои арзонтарин барои истиқомати хориҷиён, ба ҷуз аз Бишкек ва Душанбе Анқара низ роҳ ёфтааст. Ба даҳгона инчунин Алҷазоир, Тунис, Истанбул, Карочӣ, Исломобод, Алмаато ва Тошканд шомиланд. 

Гонконг аз ҳама гаронтарин шаҳр барои зиндагии хориҷиён эътироф шудааст. Ба даҳгонаи гаронарзиштарин шаҳрҳо Тел-Авив, Ню-Йорк, Сингапур, Токио, Пекин ва чаҳор шаҳри Швейтсария: Сюрих, Женева, Базел ва Берн шомиланд.

Раддабандӣ дар асоси назарсанҷии мутахассисони хориҷӣ, ки дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон кор мекунанд, таҳия шудааст. Муаллифони пажӯҳиш ба шаҳрҳо дар асоси арзиши беш аз 200 молу хидмат, аз ҷумла арзиши иҷораи манзил, нақлиёти ҷамъиятӣ, ғизо, либос ва фароғат баҳо додаанд.

Барои боздид аз Тоҷикистон пули зиёд лозим нест, ҳарчанд ки ин аз интихоби хизматрасонӣ вобаста аст, қаблан навишта буд сомонаи  «Ansor». «Ба ҳисоби миёна утоқҳои меҳмонхонаи муқаррарӣ дар пойтахти Тоҷикистон барои як шабонарӯз 50-80 доллар арзиш доранд. Аммо барои ғизо дар як рӯз шумо метавонед ба ҳисоби миёна 10-20 доллар сарф кунед, барои хароҷоти сафар вобаста ба масофаи роҳ  дар як рӯз то 20-50 доллар лозим аст», — навиштааст нашрия.

Ба гуфтаи муаллиф, барои як сайёҳ дар як рӯз 100-200 доллари амрикоӣ зарур меояд. «Агар шумо пулро моҳирона сарф кунед, пас барои дидани ҷойҳои ҷолиби Тоҷикистон давоми ду ҳафта 500-1000 доллари амрикоӣ кифоя аст», -чунин меҳисобад ӯ.

АКС: meetup.com

Сентябрь 1, 2022 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони гуногункасби пойтахт баргузор шуд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе» баргузор мешавад
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд