Барои котибони комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон машғулияти такмили ихтисос оғоз шуд

Сентябрь 13, 2022 08:41

ДУШАНБЕ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои котибони комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машғулияти такмили ихтисос ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур.

Дар расми ифтитоҳи он Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, Директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ибодат Ғанизода ва намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифз ва таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароит барои рушди муносиб ва таълими онҳо ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян карда шудааст. Дар ҷумҳурӣ дастгирии низоми ҳуқуқҳои кӯдакон ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам институтсионалӣ амалӣ карда мешавад.

Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак ҳуҷҷати асосии байналмилалие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи онҳо дарҷ гардидааст. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ 20 ноябри соли 1989 қабул гардида, қариб тамоми давлатҳои дунё онро ратификатся намудаанд. Ин Конвенсия на танҳо доираи ҳимоя ва ҳуқуқи кӯдакон, балки муносибат ва рафторро низ ба танзим медарорад.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонда, иҷрои уҳдадориҳои дар ин санад зикршударо ба зимма гирифт. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ онро ба тасвиб расонид ва уҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳар шахси аз 18-сола хурд кӯдак ба шумор меравад.

Бештар аз 30 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил дода, онҳо барои кишвар захираҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин давлату ҳукумат ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, хариду фурӯши онҳо ва ҷалби онҳо ба меҳнати маҷбурӣ ва муҳайё намудани шароити беҳтар барои кӯдакон саъю талошҳои зиёде ба харҷ медиҳад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон» аз 18 марти соли 2015 қабул шуда, фарогири ҳамаи ҳуқуқҳои кӯдакон аст. Инчунин дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2017-2021 қабул шудааст.

Зикр шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак соли 2016 мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Зимни ифтитоҳи давраи омӯзишии мазкур ҳамзамон оид ба таваҷҷуҳи имрӯзаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон, дастгирии мутахассисони ин соҳа ва ҷалби онҳо ба курсҳои омӯзишӣ ёдрас шуда, аз ҷумла зикр гардид, ки давраҳои такмили ихтисос воситаи хубеанд, ки хизматчиёни давлатӣ дониши худро такмил дода, аз таҷрибаи ҳамдигар дар фаъолияти минбаъда истифода мебаранд.

Дар фарҷоми давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир мегардад.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Сентябрь 13, 2022 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд