Бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона фиристонида мешавад

Сентябрь 6, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистонро бориши зиёди борон ва ба амал омадани обхезиҳо, ки беш аз як моҳ инҷониб идома доранд, ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.

Бар асари офатҳои табиӣ 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 миллион нафар шаҳрвандони кишвар зарар дидаанд.

Ҳамчунин беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардидаанд.

Вобаста ба ҳолати мураккаби зикршуда бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардид, ки дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд.

Кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат мебошад, ки вазни умумии беш аз 3000 тонна ва маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи фармоиши зикршуда, сохтору мақомоти дахлдори кишвар барои то қаламрави Ҷумҳурии Исломии Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор карда шуданд.

Корвони мошинҳо бо кумаки башардӯстона фардо ба роҳ мебарояд.

Таъкид бояд кард, ки иқдоми зикршуда нишони сиёсати башардӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Роҳбари давлати Тоҷикистон мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд