Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ «Сомон Эйр» дуюмин ҳавопаймои Боинг 737-800-ро вориди Тоҷикистон намуд
ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дуюмин ҳавопаймои Boeing 737-800-ро вориди Душанбе намуда, шумораи ҳавопаймоҳои худро зиёд кард. Ҳавопаймо аз 189 курсии эконом иборат буда, ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум гузошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд.
Назар ба андешаи иҷрокунандаи вазифаи Директори ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев, ҳавопаймоҳои дастрасшуда ба тавсеаи шабакаи парвозҳо — зиёд гардидани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои амалкунанда ва роҳандозии хатсайрҳои нав, ҳамчунин беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо мусоидат менамоянд.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” 30 августи соли равон як ҳавопаймои Boeing 737-800-ро вориди Душанбе намуда буд, ки он номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро гирифт. Ҳарду ҳавопаймоҳо дар асоси лизинги амалиётӣ аз яке аз бузургтарин ширкатҳои лизингӣ — ACG (Aviation Capital Group) гирифта шудаанд. Бо дарёфти ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар маҷмӯъ ба шаш адад мерасад — ду ҳавопаймои Боинг 737-900 ва чаҳор ҳавопаймои Боинг 737-800.

Мавриди зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2008 дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ муваффақона фаъолият намуда, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст. Ширкат аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом дода, no-sleep-disorders.com замон ҷиҳати барқарорсозии парвозҳо ба самти Чин ва роҳандозии парвозҳои мунтазам дар масири Арабистони Саудӣ тадбир меандешад. Бехатарии парвозҳо аз афзалияти ширкат буда, фаъолияти он ба қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба интиқоли ҳавоӣ, тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ нигаронида шудааст.
АКС: Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд






