Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ гардид

Сентябрь 22, 2022 11:55

ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Гурҷистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Зимни мулоқот узви гурӯҳи дӯстӣ Абдуҳалим Ғаффорзода ва муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Александр  Хвтисиашвили вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Гурҷистон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи дӯстии парлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Гурҷистон муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Дар мулоқот доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши онҳо дар раванди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ табодули афкори судманд карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии байнипарлумонӣ робитаҳои парлумонҳои ҳарду ҷониб дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зураб Абдушелишвили ва аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Гурҷистон Ғиёсиддин Ашӯрзода ва Файзулло Наҷмиддиниён иштирок намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

Сентябрь 22, 2022 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба татбиқи он вохӯрӣ баргузор шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Форуми дуюми занони Осиё иштирок намуданд
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд санадро ба тасвиб расониданд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд