Дар Душанбе пешниҳоди кумаки техникӣ ва молиявӣ барои Лоиҳаи энергияи хусусии Помир баррасӣ шуд

Сентябрь 1, 2022 10:32

ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 август дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Тағйироти 1 ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария «Дар бораи пешниҳоди кумаки техникӣ ва молиявӣ барои Лоиҳаи энергияи хусусии Помир, марҳилаи 3» доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур.

Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Конфедератсияи Швейтсария Сардори амалиёти Котиботи давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Швейтсария дар давлатҳои Ҷануб ва Шарқ Мартин Саладин ба имзо расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Сардори амалиёти Котиботи давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Швейтсария дар давлатҳои Ҷануб ва Шарқ Мартин Саладин ва Роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон хонум Саломе Штайб ҳамзамон маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди назар баррасӣ гардиданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2022 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд