Дар ярмаркаи интихоби касб дар Душанбе ба корҷӯён 2677 ҷойи кор ва вазифаи озод пешниҳод шуд
ДУШАНБЕ, 27.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар гулгашти хиёбони Рӯдакӣ 10 (дар назди Маркази савдои Садбарг)-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» ярмаркаи вазифаҳои озод баргузор гардид, ки дар он 2677 ҷойи нави кор пешниҳод шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳамчунин дар ярмарка аз ҷониби 136 ташкилоту корхонаҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе ҷойҳои корӣ ва аз ҷониби марказҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат маҳсули дастранҷи таълимгирандагон пешниҳод гардиданд. Инчунин муассисаҳои таълими касбии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо шаҳравандони бекор ва бекасб машварат гузаронида, онҳоро ба касбомӯзӣ ва бозомӯзӣ ҷалб намуданд.
Аз 2677 адад ҷойи кори холии аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии «НБО Роғун» пешниҳодгардида 1290 ҷои кор ба ҶСК «Тоҷикгидроэлектромантаж», 880 адад ба ФҶСП «Туннели Садди Ориёно», 70 ҷойи кор ба ҶДММ «Фароб», 82 ҷойи кор ба ҶСП «Сохтмони асосӣ» ва дигар ташкилоту ширкат тааллуқ дошт.
Сардори Раёсати кадрҳои ҶСП «НБО Роғун» Сайдулло Абдулаҳадзода иброз намуд, ки «имрӯзҳо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «НБО Роғун» корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд ва дар он ҷойҳои холии корӣ низ мавҷуданд. Аз ин рӯ ҷавононро даъват менамоям, ки дар бунёди ин неругоҳи аср саҳм гузоранд».
Мавсуф зикр намуд, ки «ҳоло барои неругоҳ ронандагон, кафшергарон, муҳандисони гидроэлектромантаж, лоиҳакашон ва дигар мутахассисон заруранд. Барои коргарон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, яъне онҳо бо се вақт хӯроки гарм ва ҷойи хоб таъмин мегарданд».
Имрӯз бо ташаббуси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии мамлакат чунин ярмаркаҳо дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва бинои Маркази ҷавонони маҳаллаи С. Сафарови шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон доир гардиданд.
Тавре муовини аввали Директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии мамлакат Давлат Носирзода зимни суҳбат иброз дошт, «дар баробари ширкатҳои сохтмонии «НБО Роғун» имрӯз дигар ташкилоту муассисаҳо низ 7711 ҷойи корро ба 2336 нафар шаҳрвандони бекор, корҷӯ ва муҳоҷирони аз хориҷи кишвар баргашта пешниҳод намуданд. Инунин аз ҷониби марказҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ 108 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, бо 678 нафар шаҳрванд машварати касбӣ гузаронида шуд».
Ба гуфти мавсуф, ҳадаф аз баргузории ин ярмарка- таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори муносиб мебошад. Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ чунин ярмаркаро моҳе як ё ду маротиба баргузор менамояд.
Бояд гуфт, ки бо супориши Сарвари давлат моҳи майи соли равон «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид, ки дар доираи амалӣ гардидани он ҳамасола дар мамлакат садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд, ки дар марҳилаи саноатикунонӣ ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯянд.


Консепсияи мазкур аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ иборат аст: яъне васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул; донишу малака, технология ва имконияти шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ. Консепсия бо мақсади мусоидат ба амалисозии муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он сиёсат дар бораи васеъ гардондани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ҳамчун яке аз чор самти афзалиятноки асосии рушди кишвар муқаррар шудааст, таҳия гардидааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиши илмӣ доир мегардад
Маросими видоъ бо раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 1 то 3 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Оид ба амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пагоҳ Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мешавад
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба саҳми Пешвои миллат дар пойдории сулҳ ва ваҳдати миллӣ филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд
Дар Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида ба қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш доир шуд






