Дастаи «Хадамоти гумрук» бозии аввали Ҷоми «Истиқлол»-2022-ро бо ғалаба оғоз намуд

Сентябрь 28, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 28.09.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ  оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми КФ «Истиқлол»-и Душанбе дастаи «Хадамоти гумрук» бозии аввали Ҷоми «Истиқлол»-2022-ро бо ғалаба оғоз кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Бозиҳои аввали даври гурӯҳии  Ҷоми «Истиқлол» — 2022 хеле ҷолиб  баргузор шуданд. Дар ин давр дастаи футболи   «Хадамоти гумрук»  бар  дастаи футболи  «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе» бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард.

Мусобиқоти панҷуми бонуфузи ҷумҳуриявӣ бо иштироки  26 даста, ки ба чаҳор зергурӯҳ тақсим шудаанд, шурӯъ шуда, бозиҳои даври якум дар зергурӯҳҳои «А» ва «Б» оғоз гардиданд. Маросими ифтитоҳи расмии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми КФ «Истиқлол»-и Душанбе дар майдончаҳои Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизаи умумии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб  бо Ҷом, медал ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Барандаи ҷои дуюм 30 ҳазор сомонӣ дарёфт хоҳад кард.

Барандаи медали биринҷӣ бо ҷоизаи пулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад