Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Ҷоми Осиё-2022-ро бо пирӯзӣ оғоз кард
ДУШАНБЕ, 28.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022-ро, ки дар Кувайт ҷараён дорад, бо пирӯзӣ оғоз кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Футболбозони Тоҷикистон 27 сентябр дар даври аввали бозиҳои гурӯҳи «В» бар дастаи миллии Баҳрайн бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд. Голҳои Умед Кузиев, Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров ба дастаи мо се имтиёз оварданд.
Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби Узбекистон бар тими Туркманистон бо ҳисоби 8:0 зафар ёфт.
Дар даври дуюми Ҷоми Осиё-2022 29 сентябр дастаи миллии Тоҷикистон бо дастаи Узбекистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Акс: ФФТ








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






