Эмомалӣ Нуралӣ ва ҷоизадорони Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ қадрдонӣ шуданд

Сентябрь 6, 2022 08:36

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зимни маросими тантанавӣ чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Эмомалӣ Нуралӣ, ҷоизадорони Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ ва мураббиёнро қадрдонӣ кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар КМО Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросим ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода нахуст иштирокчиёнро бо ҷашни фархундаи миллӣ – 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дастовардҳояшон дар майдонҳои варзишии ҷаҳонӣ шодбош гуфта, ба онҳо дар мусобиқаҳои оянда муваффақият хост.

Зикр гардид, ки заҳмати варзишгарон ҳеҷ вақт аз мадди назар намемонад ва аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста қадрдонӣ мегарданд. Хусусан аз соли 2015 инҷониб варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мешаванд.

Ба ғайр аз ин варзишгарони муваффақ пайваста аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла, ба чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Эмомалӣ Нуралӣ аз ҷониби Раиси шаҳр хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим гардид.

Ҳамчунин муассисаву ташкилоти гуногун варзишгарони муваффақро барои дастовардҳояшон аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунанд.

Ҳамин тариқ, аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон Эмомалӣ Нуралӣ бо 10000 сомонӣ, мураббиаш Фаррух Собиров бо 5000 сомонӣ, барандагони медали нуқраи Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ бо 7000 сомонӣ, барандагони медалҳои биринҷӣ бо 5000 сомонӣ, мураббиёнашон бо 3000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин ба Эмомалӣ Нуралӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Тоҷикистон” дода шуд.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Нуралӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки 10-13 августи соли равон дар Гуаякили Эквадор доир шуд, дар вазни -66кг ба гирифтани медали тилло даст ёфт.

Дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ, ки 9-18 август дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор шуд, ҳайати олимпии Тоҷикистон 8 медал – 3 нуқра, 5 биринҷӣ ба даст овард. Медалҳои нуқраро Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук (ҷаҳиш ба дарозӣ), Комроншоҳ Устопириён дар ҷудо (-90кг), Екатерина Ишенко дар пара-тенниси рӯи миз, медалҳои биринҷиро гӯштинигирон Асламҷон Азизов (юнонӣ-римӣ, -55кг), Фирӯз Мирзораҷабов (юнонӣ-римӣ, -63кг), ҷудочиён Шодмон Ризоев (-81кг), Абубакри Акобир (-100кг) ва дастаи ҷудои кишвар дар рақобатҳои даставӣ сарфароз шуданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2022 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид