Эмомалӣ Раҳмон: «Имрӯзҳо инсоният дар мушкилтарин ва хатарбортарин давраи таърихи худ қарор дорад»

Сентябрь 2, 2022 13:42

ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли нави хониш барои мо – мардуми Тоҷикистон сабаб ва аҳаммияти махсус дорад. Чунин таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.

Сарвари давлат ёдрас намуданд, ки сокинони кишвари мо ҳанӯз дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

«Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд, ин неъмати бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастомадаро ҳифз мекунанд ва ба фарҳанги сулҳ ҳамчун маромномаи ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии худ арҷ мегузоранд», — иброз доштанд Пешвои миллат.

Бино ба суханони Президент, ҳамватанони мо хуб медонанд, ки оқибати ҷанг танҳо даҳшату харобӣ, наҳсу қашшоқӣ, ҳалокати одамони бегуноҳ, фирори сокинон аз Ватан ва ҷойи зисти худ ва дигар мушкилоту маҳрумиятҳо мебошад. Баръакс, танҳо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ омили асоситарини амалӣ гардидани нияту орзуҳои ҳар як фард, татбиқи нақшаҳои созанда барои фардои ободи кишвар ва зиндагии шоиставу арзандаи мардум ба ҳисоб меравад.

«Имрӯз вазъи ҷаҳон ба дараҷае ҳассосу мураккаб ва пешгӯинашаванда гардидааст, ки истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва ҳатто ҳастии таърихии баъзе кишварҳо ва халқу миллатҳоро таҳти хатари ҷиддӣ қарор додаст, — зикр намуданд Ҷаноби Олӣ ва афзуданд, ки дар чунин шароити ниҳоят печидаву буҳронӣ ва дар замоне, ки раванди аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва захираҳои табиии сайёра, яроқнокшавии бошитоб ва марҳалаи дубораи «ҷанги сард» торафт шиддат мегирад, мо вазифадорем, ки барои ҳифзу таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем».

«Таъкид менамоям, ки имрӯзҳо инсоният баъди қариб ҳаштод сол, яъне пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар мушкилтарин ва хатарбортарин давраи таърихи худ қарор дорад», — изҳор намуданд Сарвари давлат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 2, 2022 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон пуштибонии доимиро аз татбиқи Рӯзномаи 2030 барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад»
Президенти Тоҷикистон: «Тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад»
РӮДАКӢ-СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ. Васфи шеъри Рӯдакӣ аз асрҳои миёна то ба асри нав
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис дода шавад»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН САРПАРАСТИ БОЗ ЯК ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад