ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мақому мартабаи ҷаҳонии Тоҷикистонро баланд бардошта, ҷаҳишҳои стратегиро дар иқтисод, сиёсат ва фарҳанг таъмин карданд, балки дар шароити хеле ҳассос, мураккаб ва тақдирсоз тавонистаанд хатари фанои давлат ва аз байн рафтани миллатро пешгирӣ намоянду пояҳои истиқлоли миллӣ, давлатдориии миллиро устувору пойбарҷо гардонанд ва сарҷамъии миллатро таъмин созанд. Ҳамчунин ба ҷомеаи ҷаҳон роҳи дурустро пешниҳод карда, худ ҳамчун неруи муттаҳидгари халқ ва миллат дар атрофи идеяҳои ваҳдатофар ва ояндасоз нақши ниҳоят муҳиму муассир гузоранд.
Мақом ва нақши шахс дар масири таърих аз мавзуъҳои хеле ҷолиб ва мураккаби илмӣ мебошад. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки яке аз ҷанбаҳои асосии таърихи инсониятро роҳбарони кишварҳо муайян менамоянд. Албатта, аксар давраҳои таърихии рушд ва ҳатто шикасту ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гаштани давлатҳои қадим, асрҳои миёна ва муосир дар бисёр маврид бо номи сарварон алоқаманд мебошад, ки рифоҳи мардум, раҳоии давлат аз варта, авҷи қудрати кишвар, густариши илму фарҳанг ва тиҷорат бо ному фаъолияти онҳо вобастагии зич дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое ҳастанд, ки тавонистаанд идеяи умумимиллии пешрафти ояндаро пешниҳод ва дар мамлакат амалӣ кунанд, ки таърих бо гузашти замон самараи хеле барҷастаи онҳоро исбот кард.
Мусаллам аст, ки бо ҷасорату иродаи қатъии сиёсӣ ва тавонмандии бемисл Эмомалӣ Раҳмон соҳиби обрӯву эътибори байналмилалӣ шуданд. Миқёси фаъолияти Пешвои миллат маъмулан аз ҳудуди Тоҷикистон ва минтақа берун шуда, ташаббус ва фаъолияти байналхалқии ӯ ба пешрафти кишварҳои дигари ҷаҳон низ таъсири ҷиддӣ расонда, таҷрибаи намунаи нодири сулҳофарӣ, давлатсозӣ ва муттаҳидкунандаи миллат эътироф шудааст.
Зиндагиномаи Пешвои миллати мо сараввал ба ҳолати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ дар минтақа ва ҷаҳон монанд аст. Эмомалӣ Раҳмон дар замоне ба сиёсат ва сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва давлату миллатро хатари воқеии нобудӣ таҳдид мекарду аз харитаи сиёсии олам Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил нест мешуд. Илова бар ин мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯ ба рӯ буд. Маъмулан дар чунин вазъи ноҷӯр рисолати асосии Пешво, пеш аз ҳама, ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои умумимиллӣ мебошад. Дар ин баробар борҳову борҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ гаштан, аз чизею касе ва хатарҳо натарсидан, тамоми аҳолии мамлакатро ба «худию бегона», ҷудо накардан, дурандешона ба хотири ба даст овардани сулҳу оромӣ зиндагӣ кардан ва ҷонбозию ба таври хастагинопазир кор бурданҳо дар меҳвару фаъолияти зиндагии Пешвои миллат қарор гирифта буд. Бале, раванди касби истиқлоли давлатии тоҷикон, пайомадҳои он дар шакли ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва хатари нобудии миллат ба саҳна нафареро овард, ки бешак, масъулияти он рӯзу ояндаи миллатро ба зимма гирифта, бо ин амал дар қатори пешвоёни бузурги таърихӣ ҷой гирифт. Пешвои миллати тоҷик ва фарзанди фарзона Эмомалӣ Раҳмон низ аз қабили пешвоёни машҳури ҷаҳон мебошанд.
9 сентябри соли 1991 Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Тоҷикистон давлати мустақил шуд. Ҳамагонро шодию фараҳ фаро гирифта, шукр аз ин рӯзу аз Истиқлол мегуфтанд, вале он рӯзҳо дар Тоҷикистон касе андеша намекард, ки солҳои нахустини истиқлол барои ин давлату ин миллат чӣ гуна фоҷеабор хоҳад шуд.
Дар баробари соҳибистиқлол эълон шудани Тоҷикистон мақому манзалати он мебоист меафзуд, ҳамзамон тавваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин субъекти сиёсӣ зиёд мешуд, аз нигоҳи аввал чунин ҳам буд. Дар муддати кӯтоҳ- аз сентябри соли 1991 то ноябри соли 1992, яъне аз эълони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон то баргузории иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ якчанд давлату созмонҳо бо Тоҷикистон робита барқарор карда, намояндагони хешро ба ватанамон равон карда, консулгарию сафоратхонаҳои худро кушоданд.
Зери лабҳо замзама мегашт, ки соҳибистиқлол шудем, зеро: Истиқлолият хуршеде аст, ки ба ҳамагон нури худро ато карда, имкон медиҳад барои таҳкими он ва баҳри пешрафти давлат сокинонаш устуворона меҳнат намоянд.
Аммо хушҳолӣ ва ифтихор аз Истиқлолияти миллӣ дер напоид, мутаассифона, аз имконияту шароити мусоид, ки ба таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекарданд, истифода нашуд. Дар натиҷа дар Тоҷикистон ҷойи аз истиқлолият шукргузорӣ кардании мардумро таъсири омилҳои гуногуни берунӣ, муноқишаҳо ва мухолифати мусаллаҳона фаро гирифт ва барои миллати сулҳдӯсту тамаддунофарини тоҷик доғи нангине овард.
Ҳамин тариқ, истиқлолияти миллиеро, ки 33 сол пеш ба мо дар баробари дигар халқу миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ насиб гашт, натавонист моро дар марҳилаи аввали ташаккулёбӣ ба миллати воҳиду муттаҳид табдил диҳад ва Тоҷикистонро ба сифати давлати якпорча нигоҳ дорем. Аз ноаҳлии баъзе ҳамватанон ва ҳизбу ҳаракатҳову душманони давлати тозаистиқлол ба гирдоби Тоҷикистон ҷангӣ таҳмилии дохилӣ фурӯ рафт ва барои кишвару миллати тоҷик рӯзҳои вазнинро ба бор овард.
Дар таърихи халқ шахсиятҳо ҳамеша нақши муҳим доштанд ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чеҳраи тавоно дар таърихи навини давлатдории миллӣ мебошанд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон сафинаи Истиқлолро аз баҳри пуртуғёну пурталотум ба соҳил расонида, дар дили халқи азияткашидаи Тоҷикистон умед афрӯхтанд, чеҳраҳо рахшону шукуфон шуд ва хуршед ба олам равшанӣ ато кард! Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаи ҳассос ба сари қудрат омада, сулҳовару ваҳдатофар, кафили истиқлолу озодӣ ва амнияту суботи давлат ва миллат шуданд.
Вале он сулҳу озодӣ ва ваҳдату оромии тоҷикон осон ба даст наомад. Бе сулҳу оромӣ ва ваҳдату якдилӣ ҳифзи истиқлолу озодӣ, мавҷудияти давлату миллат имконнопазир буд. Ба ҳам овардани мардум ва умеди онҳоро ба ояндаи дурахшон тақвият бахшидан аз аввалин иқдоме буд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи арзишҳои миллии давлатдории навин анҷом додаанд.
Дар он замон сари кӯи мурод овардани шахсоне, ки дар талоши тақсими сарват буданд, кори осон набуд ва ҳатто баъзе аз ходимони сиёсӣ аз роҳбарӣ ва идоракунии соҳаҳои гуногуни системаи ҷомеа даст мекашиданду ба ояндаи ҷомеа чандон бовар надоштанд. Раванди ба ҳам омаданҳо душвор ва бо азобҳову машаққати зиёд ба даст меомад. Давлати соҳибистиқлолу миллати куҳанбунёди парешонгаштаро ба ҳам овардан низ чандон кори осон набуд. Зеро дар мамлакат аз ҳашт як нафар аз ватани худ гуреза шуда, шаҳди ғарибӣ мечашид, ки барои муттаҳид сохтани мардуми пароканда ва ба ҳам овардани онҳо заҳматҳои бисёр кашидан зарур буд. Аз ҳама муҳим, боварӣ ва эътиқоди мардумро ба даст овардан ва ҷонибҳои мухолифро сари мизи гуфтушунид ва дастархони сулҳ шинондан буд, ки мушкилиҳои зиёд пеш меовард.
Истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол боз арзи ҳастӣ дошта, ба ҳама сокинони мамлакат роҳи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва воҳидро боз кардааст. Ин роҳ басе фароху ояндаи нек дошта, ҳамчунон мушкилоти зиёде дорад. Аммо танҳо миллатҳои том ва аҳли он ҷамъияте ба қуллаҳои мурод мерасад, ки ҷиддияту устувориро пеша карда, таҳти ливои озодӣ мустаҳкам қадам мезанаду пешво ё роҳбари матиниродаю ҳақиқатхоҳ ва адолатпарасте дорад.
Истиқлолият — марди шуҷоъ, далеру рӯитан ва озодидӯстро мепарастад. Дар давраи хеле ҳассосу масъулиятхоҳи таърихӣ Тоҷикистонро шахсе роҳнамою роҳбалад шуда, ки сартопо: Мубориз, Шуҷоъ, Далер ва аз ҳама муҳим Ватандӯст буд: Эмомалӣ Раҳмон!
Дар Муроҷиатномаи иҷрокунандаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8 декабри соли 1992 ба халқи Тоҷикистон, аз ҷумла омадааст: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».
Сулҳ! Бале, ин вожаи муқаддас ба осонӣ ба даст наомад, вале он Ваҳдату Истиқлоли Тоҷикистонро таъмину неруманд сохт. Ин буд, ки зимни пайгирии сиёсати сулҳофаринӣ яке аз падидаҳои манфури иҷтимоӣ – маҳалпарастӣ ниҳоят коҳиш ёфта, эҳсоси ягонагӣ ва расидан ба ҳадафи якдилии ҳар тоҷикистонӣ тақвият меёбад, ки аз намунаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Дар ин радиф табдили Тоҷикистон аз давлати се қисмат ба якпорча тавассути бунёди нақбу роҳҳо боиси таъкид мебошад.
Бо устувории сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки роҳи демократиро масири пешрафти худ интихоб кардааст, қоил шуд, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар субъектҳои фаъоли байналхалқӣ ба Тоҷикистон дасти кумак ва ҳамкорӣ дароз карданд.
Мақоми давлат дар сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ хеле пеш рафт. Тоҷикистон иштирокчии фаъоли созмонҳои ҳамгироии минтақавиву байналхалқӣ, чун Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, АвруОсиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ буда, пайваста талош бар он дорад, ки тавассути тавсеаи ин ҳамкорӣ масоили пешомади иқтисодиву сиёсиро ҳал кунад ва ҳамзамон барои рафъи хатарҳои имрӯзаи байналмилалӣ иттиҳоди кишварҳои манфиатдорро таъмин намояд. Имрӯз ҳама эътироф кардаанд, ки танҳо Тоҷикистон тавонист ба туфайли сиёсати воқеъбинона ва дурандешонаи Эмомалӣ Раҳмон дар муқобили Ҷунбиши Толибон ва гурӯҳҳои террористии байналхалқӣ мавқеи устувор ва босубот ишғол намояд ва дар рафъи ин мушкил ба мардуми Афғонистон ва ҳам ҷомеаи байналмилалӣ кумаки воқеӣ расонад.
Президенти Тоҷикистон аз рӯзҳои нахуст таъйиноти муҳими сиёсати хориҷии мамлакатро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори дохилии мамлакат медиданд. Ин ҳадаф стратегияи санҷидашуда, мутавозин, ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳама кишварҳо ва субъектҳои равобити байналмилалиро тақозо дошт. Он ба пешбурди сиёсати дарҳои кушод ва ҳамкории гуногунҷабҳа бо ҳамаи кишварҳо ва субъектҳое, ки бо мамлакати мо нияти ҳамкории беғаразона доранд, мусоидат мекунад.
Бояд таъкид кард, ки татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон дар даврони ниҳоят мураккаб, пуртаззод ва ҳассоси таърихи башарӣ ҷараён мегирад. Шинохти дақиқ ва объективии мазмуни аслии равандҳо ва тамоюлоти муҳимтарини рӯз ниҳоят мушкил аст, зеро онҳо на танҳо таркиб ва мазмуни мураккаб ва пуртазод доранд, балки ниҳоят мутаҳаррик ҳастанд. Аз ин рӯ, баррасӣ ва дарки мазмуни воқеъбинонаи онҳо ниҳоят зарур мебошад ва метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба умқи ин масъала хеле дақиқкорона ва нозукбинона расидааст. Муваффақияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик, пеш аз ҳама, аз маҳорати барномарезӣ ва дурандешии сарвари он, анъанаҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва касбияти кормандони хадамоти дипломатӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дар муваффақияти дипломатияи тоҷик хиради азалии Президенти мамлакат, самтҳои дурусти муайяннамудаи сиёсати хориҷӣ ва садоқату касбияти кормандони соҳа мусоидат намуданд. Тоҷикистон сиёсати хориҷии хосеро пеша намудааст, ки он расман аз 31 декабри соли 2002 номи сиёсати «дарҳои кушод»-ро гирифтааст. Интихоби сиёсати «дарҳои кушод» аз як тараф роҳи ягонаи дурусти пешбурди сиёсати хориҷӣ ва аз ҷониби дигар, инъикоси арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва суннатии халқи тоҷик, яъне дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ мебошад, ки самараи фаъолияти Пешвои миллат мебошад. Имрӯз натиҷа ва дастовардҳои сиёсати хориҷии мо мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад:
— истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 126 кишвари ҷомеаи ҷаҳонӣ;
— эътирофи расмии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 151 кишвари сайёра;
— узвият дар 51 созмони бонуфузи байналхалқию минтақавӣ;
— имзои 1200 созишномаи дуҷониба бо кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ;
— узвият ба 600 эъломияи байналхалқӣ;
— дастовардҳо дар самти пешниҳоди ташаббусҳои байналхалқӣ (бахусус дар масъалаи об, ҳамкорӣ дар соҳаи он ва табдили он ба омили муҳими рушди устувори иқтисодӣ);
— раёсати Сарвари давлат дар ҷаласаи 54-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид;
— пешниҳоди формулаи сулҳ.
Дар маҷмуъ, сиёсати санҷида ва мутавозини хориҷӣ, мавқеи равшану устувор дар мубориза бар зидди ифротгароӣ, бунёдгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои дигари глобалӣ, ширкати амалӣ ва масъулонаи Сарвари давлат дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини умумиинсонӣ сабаб шуданд, ки Тоҷикистон узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. Ин дастоварди бузурги миллӣ ва таърихӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марбут мебошад.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни ҷавонон ва наврасони мамлакат ҳамчун намуна, тимсол ва мояи ифтихор маҳбубияти зиёд доранд. Имрӯз ҳар сокини ҷумҳурӣ, аз тифли мактабхон то пири барнодил дар симои Пешвои худ «чеҳраи ошно»- ро дида, мехоҳад бо ӯ аз наздик ҳамсуҳбат шавад, аз пешравию муваффақияти худ нақл кунад, мушкилоти худро гӯяд, зеро эътимод дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар рӯ ба рӯи ҳар мушкилот устувор буда, онро ҳал карда метавонад.
Бузургдошти нобиғаҳои бузурги сиёсат, илму фарҳанг ва адабиёти тоҷик, ки бо ташаббус ва ҳидояти шахсии Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола баргузор мегарданд ва танҳо номбар кардани онҳо дар даҳҳо саҳифаҳо ҷой мегирад, баёнгари он аст, ки Пешвои миллӣ воқеан барои фарҳанги миллӣ, шинохт ва арҷгузории бузургони миллат пайваста ғамхорӣ менамоянд.
Гумон мекунем, ки барои ҳар фарди соҳибватани тоҷик ин суханони Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бояд дастури амал ва зиндагӣ бошанд: «Мову шумо бояд бо дарки масъулияти баланд дар назди халқу давлати худ, дар роҳи эъмори давлати соҳибистиқлоли ҷавобгӯ ба ҳамаи ниёзҳо ва ормонҳои миллӣ, инчунин хизмати содиқонаву беғаразона ба манфиати халқу Ватанамон тамоми маҳорату малакаи худро равона карда, ба иҷрои кору вазифаи худ ҳамеша бо дасту дилу нияти пок муносибат намоем!».
Сабзалӣ АСОЕВ,
Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА
АКС аз бойгонӣ