ФАВРӢ! Карл III имрӯз Подшоҳи Британияи Кабир эълон мешавад

Сентябрь 9, 2022 12:15

ДУШАНБЕ, 09.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маросими расмие, ки зимни он шоҳ Карл III ҳамчун Подшоҳи нави Британия эълон мегардад, имрӯз, 9 сентябр баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзномаи «The Times» хабар дод.

«Фардо дар қасри Сент Ҷеймс Чарлз расман волии нав эълон карда мешавад. Ӯ зери номи Карл III ҳукмронӣ хоҳад кард», — менависад рӯзнома.

Қаблан иттилоъ расид, ки писари маликаи Британия Елизаветаи II, ки 8 сентябр аз олам даргузашт, тасмим гирифт, ки бо номи Карл III ба тахт нишинад.

Рӯзномаи «The Times» ҳамчунин хабар дод, ки шоҳ ва ҳамсараш Камилла, ки ҳамсари малика шуд, дар қалъаи шотландӣ дар Балморал, ки он ҷо Елизаветаи II даргузашт, меистанд ва 9 сентябр ба Лондон бармегарданд.

Елизаветаи II дар синни 96 даргузашт. «Малика нисфирӯзии имрӯз дар Балморал даргузашт», — гутфанд дар Қасри Букингем. Ҳамаи фарзандони ӯ имрӯз барои видоъ бо Малика ба Балморал омаданд.

Дар ин лаҳзаҳо садҳо нафар дар назди Қасри Букингем ҷамъ омадаанд. Мардум мотам доранд ва бисёриҳо бо гул омадаанд. Издиҳом суруди «Худо маликаро/подшоҳро дар паноҳат нигоҳ дор» месароянд.

Дар робита ба даргузашти Елизаветаи II мотами 10-рӯза эълон шудааст. Аз 8 сентябр то маросими дафни Малика парчамҳо дар болои биноҳои ҳукумати Британия нимафрохта мешаванд.

АКС: nytimes.com

Сентябрь 9, 2022 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезиву ярч ҳазорон нафарро дар Чин ба ҷойҳои амн кӯчониданд
Дабири кулли СММ даъват намуд, ки бинобар тағйирёбии иқлим ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ $100 млрд ҷудо шавад
Дар натиҷаи таркиши кони ангишт дар Чин теъдоди ҳалокшудагон ба 11 нафар расид
Дар тӯли ду сол дар Афғонистон 38 корманди СММ ҳалок шудаанд
Соли 2023 метавонад бинобар шумораи зиёди ҳалокшудагон ва захмиён дар байни кормандони созмонҳои башардӯстона рекордӣ бошад
Теъдоди аз сӯхтор ҳалокшудагон дар Гавайя ба 106 нафар расид
Раддабандии нави шаҳрҳои аз ҳама хатарноктарини Аврупо ва ҷаҳон ба нашр расид
Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори Гавайя ба 67 нафар расид
NASA аз наздик шудани астероиди эҳтимол ба Замин хатарнок иттилоъ дод
Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Гавайя аз 50 нафар гузашт
Гармии зимистон дар Чили ба 37 дараҷа расид
Дар Улан-Батор хуруҷи бемории вабои бубонӣ сабт гардид