ФУТБОЛ. «Истаравшан» ва «Истиқлол» дар даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омаданд

Сентябрь 12, 2022 12:48

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 сентябр бозиҳои даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор шуданд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ду бозӣ дастаҳои мизбон ва дар як бозӣ дастаи меҳмон ғалаба карда, ду бозии дигар мусовӣ анҷом ёфт. Дастаи футболи КМВА-и шаҳри Душанбе дар бозии хонагӣ бар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Асадбек Ҷурабекзода ба нишон расонид.
Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар сафар аз дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ҳар се голро истаравшаниҳо заданд. Ҷаъфар Исмоилов дар дақиқаи 13 ҳисобро кушод. Ҳусейн Нурматов як гол ба дарвозаи дастааш, як голи дигар ба дарвозаи ҳариф зад.

Дар бозии дигар дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба дарвозаи дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ду голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 68 аз пеналтӣ ҳисобро кушод, голи дуюмро Шервонӣ Мабатшоев дар охирин дақиқаҳои дидор (90+6) ба нишон расонид. Ду бозии дигар миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод (2:2) ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ (0:0) мусовӣ анҷом ёфт.

Хотиррасон мешавем, ки бозиҳои даври навбатӣ 30 сентябр, 1-2 октябр ба нақша гирифта шудаанд. Дар даври 16-ум 30 сентябр дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, 1 октябр «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, 2 октябр «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод вомехӯранд.

Қабл аз ин бозиҳо 17-18 сентябр бозиҳои даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2022 доир мешавад.

Натиҷаи дастаҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ

      Б   Ғ  М   Б   Т-Т   Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 13 9 3 1 30-7 30
2 «Равшан» (Кӯлоб) 15 6 6 3 17-14 24
3 «Хатлон» (Бохтар) 14 6 5 3 13-7 23
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 14 6 4 4 15-9 22
5 «Файзканд» (Восеъ) 14 6 4 4 16-19 22
6 КМВА (Душанбе) 14 6 2 6 17-20 20
7 «Истаравшан» (Истаравшан) 15 5 3 7 20-16 18
8 «Эсхата» (Хуҷанд) 14 4 2 8 17-26 14
9 «Равшан» (Зафарабад) 15 2 6 7 15-32 12
10 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 14 3 1 10 11-21 10


Рӯйхати беҳтарин нишонзанҳо:
Шервонӣ Мабатшоев «Истиқлол»)- 10 гол, Дилшод Бозоров («Эсхата») – 9 гол,  Манучеҳр Ҷалилов, ( «Истиқлол»)-8 гол, Абдухалил Боронов («Равшан» Кӯлоб) – 6 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Санҷар Рисқибоев («Эсхата»),  Шарафҷон Солеҳов аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе, Отабек Зокиров бо ҳамроҳи   Мбеке Сиябатчу Деудони («Истаравшан») – 5- голӣ ба нишон расониданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2022 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард