Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ 934,4 миллион долларро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳи имсол 934,4 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 тақрибан 20 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нукта зимни баргузории ҷаласаи 17-уми Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо зикр гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд, 31 август дар кишвари Сингапур дар ҳошияи Форуми 10-ум оид ба содагардонии савдо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷаласаи 17-уми Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо бо иштироки муовинони вазирон ва намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагон аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода раисӣ намуда, ҳамчун раиси Гурӯҳи кории қайдгардида оид ба корҳои иҷрогардида дар доираи СПЕКА, аз ҷумла масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ миёни кишварҳои аъзои СПЕКА, Стратегия ва Харитаи роҳи СПЕКА оид ба содагардонии расмиёти савдо, тавсеа ва татбиқи минбаъдаи ҳадафҳо барои савдои устувор дар минтақа, таҳқиқот ва тавсияҳо вобаста ба монеаҳои ғайритарифӣ дар савдо дар давраи пандемия маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар дар соҳаи савдо муайян намудаанд, ки дар натиҷаи он дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас амалӣ гардиданд.
Аз ҷумла, Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор дошта, инчунин якчанд ҳуҷҷатҳои стратегии марбут ба савдо қабул гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии СПЕКА ва тақвияти ҳамгироии тиҷоратии минтақавӣ мусоидат менамоянд.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо А.Абдураҳмонзода таъкид намуд, ки ҳамкории тиҷоратӣ бо кишварҳои аъзои СПЕКА марҳила ба марҳила дар ҳоли рушд қарор дорад. Аз ҷумла, сарфи назар аз таъсири манфии пандемияи ҷаҳонии COVID-19 гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаш моҳи соли 2022 934,4 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 тақрибан 20 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон дар доираи ҷаласа аз ҷониби коршиносони ташкилоти байналмилалӣ вобаста ба мавзӯъҳои баррасишуда ва рушди робитаҳои минтақавӣ рӯнамоҳо пешниҳод карда шуданд.
Тоҷикистон раисии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дорад ва ҷаласаҳои он ҳамасола дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои СПЕКА дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мегарданд.
Дар хатми ҷаласа аз ҷониби Раиси гурӯҳи корӣ А. Абдураҳмонзода ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи савдо тавсияҳои мушаххас пешниҳод шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст






