Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Русия 42 фоиз афзоиш ёфтааст

Сентябрь 12, 2022 16:17

ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар 7 моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 908,3 млн доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 268 млн доллар ё 42 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нукта зимни вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия-Вазири саноат ва тиҷорат Денис Мантуров зикр карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар доданд, 8-12 сентябр ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷамшед Ҷумахонзода ва роҳбарияти ҶСК «ТАЛКО» ҷиҳати иҷрои супориши сарварони ҳарду кишвар вобаста ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи навбатии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва пайгирии ҷараёни иҷрои протоколи ҷаласаи қаблии Комиссия ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом дод.

Дар доираи ин сафар бо мақсади тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия-Вазири саноат ва тиҷорат Денис Мантуров мулоқот баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ аз ҳамкории стратегии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ гардида, зикр карда шуд, ки Федератсияи Русия дар гардиши савдои умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли чанд соли охир дар ҷои аввал меистад.

Соли 2021 нишондиҳандаи гардиши савдои дуҷониба ба 1,4 млрд доллар баробар шуда, нисбат ба соли 2020 380 млн доллар ё ин ки 40 фоиз афзоиш ёфт.

Зимни мулоқот аз муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия — Вазири саноат ва тиҷорат хоҳиш карда шуд, ки ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки роҳбарони аввали корхонаҳои саноатию сармоягузорони Федератсияи Русия дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия, ки баргузории он 14–15 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мусоидат намояд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Сентябрь 12, 2022 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд