ГИМНАСТИКАИ БАДЕӢ. Варзишгарони навраси тоҷик дар Қазоқистон 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони навраси тоҷик дар Мусобиқаи 6-уми байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ дар шаҳри Актауи Қазоқистон 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқа 23-28 август бо иштироки варзишгарони навраси Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон, Узбекистон, Русия ва Исроил доир гашт.
Ҷумҳурии моро 4 нафар дастпарварони мактаби варзишии шаҳри Хуҷанд намояндагӣ карданд.
Ба иттилои мураббӣ Нигорахон Қурбонова, Садафмоҳ Маҳмадҷалолзода дар ду намуди иҷрои машқҳо 2 медали биринҷӣ, Маликахон Алиматова, Шукронахон Акбарова ва Фаризахон Бахтиёрзода яктоӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд.


Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, гимнастҳои ҷавони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии гимнастикаи бадеии «East Cup Stars Olympic» («Ҷоми Шарқ – ситораҳои олимпӣ») як медали тилло, панҷ нуқра ва чор биринҷӣ ба даст оварда, соҳиби Ҷоми даставии мусобиқа гардиданд.
Мусобиқа 24-25 август дар Фарғона баргузор гардида, дар он медали тиллоро варзишгари тоҷик Ариана Сафарова ба даст овард.
Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро тарбиятгирандагони Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ дар шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд.
Дар мусобиқа 10 нафар духтарони аз 7 то 13-сола, ки дар категорияҳои А, В ва С иштирок доштанд, медал ба даст оварданд. Аз ҷумла, Марям Шукурова, Ясмина Ҳамидова, София Турсунзода, Азиза Нурализода ва Елизавета Стрелникова ҷойҳои дуюмро ишғол карданд.
Медалҳои биринҷӣ ба Вазира Абдусатторова, Шукрон Саидова, Ҳосия Ворисӣ ва Роҳила Тоҷиддинова супурда шуданд.
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 300 варзишгар аз 8 кишвар, аз ҷумла Узбекистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра ширкат доштанд.
Дар мусобиқа варзишгаронро Сармураббии дастаи мунтахаби гимнастикаи бадеии Тоҷикистон Мижгона Шарифова, мураббиён Албина Гордина ва Чинигул Узбекова ҳамроҳӣ карданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид






