Имсол ба соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби буҷет 160,6 млн сомонӣ ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2022 ба соҳаи маориф аз ҳисоби маблағҳои буҷет 160, 6 млн сомонӣ ҷудо гардид. Маблағи мазкур ба таҳкими заминаи моддӣ – техникӣ ва таълимии муассисаҳои таълимии вилоят равона мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.
Имрӯз бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии вилоят ҷамъомадҳои тантанавӣ доир гардиданд. Ҳамчунин дар ин рӯз бо иштироки Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ва кормандони соҳаи маориф дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш гардид, сурат гирифт.
Зикр шуд, ки дар вилоят аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ сохтмони кӯдакистони рақами 2 бо арзиши 5,689 млн сомонӣ ба маблағи 9 млн сомонӣ, толори варзишии назди муассисаи таълимии рақами 28 – и ноҳияи Шуғнон бо арзиши нақшавии 1,3 млн сомонӣ, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 – и ноҳияи Ишкошим бо арзиши 24 млн сомонӣ, бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ бо маблағи 4,8 млн сомонӣ ва сохтмони кӯдакистони рақами 2 дар ноҳияи Рӯшон ба маблағи 3,5 млн сомонӣ бомаром идома дорад.
Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 4 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 54 муассисаи таҳсилоти умумӣ навсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд.
Беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, ба таълиму тарбияи махсус фаро гирифтани хонандагони болаёқат, рушди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои намуди нав, аз ҷумла муассисаҳои таълимии хусусӣ ба сифати таълиму тарбия такони ҷиддӣ бахшид. Давоми се соли охир дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои равияи табиӣ – риёзӣ ва гуманитарӣ хонандагони вилоят 8 медали тилло, 31 медали нуқра ва 86 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки дар маҷмӯъ 125 медалро ташкил медиҳад.
Дар таърихи соҳаи маорифи вилоят бори аввал чунин натиҷаи баланд ба даст омадааст.
АКС аз бойгонӣ ва МИҲД-и ВМКБ








Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад






