Имсол дар Тоҷикистон 272 ҳазор нафар бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд
ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол 272 ҳазор нафар, аз ҷумла 133 ҳазор нафар духтарон бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон иброз доштанд.
«Имрӯз, яъне 1 сентябр қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар наврасони кишвар, аз ҷумла беш аз 1 миллиону 110 ҳазор духтарон дар муассисаҳои таълимӣ ба дарс оғоз карданд, ки 272 ҳазори онҳо (133 ҳазор нафар духтарон) бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд», — тазаккур доданд Сарвари давлат.
Ба онҳо зиёда аз 128 ҳазор нафар омӯзгорон дарс медиҳанд, ки беш аз 72 фоизашон бонувону занон мебошанд.
Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ бунёд кардан ва таъсис додани 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ далели возеҳи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад.
Танҳо дар соли 2021 ва шаш моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат 247 муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 110 ҳазор хонанда ба истифода дода шудаанд.
Пешвои миллат бо ифтихору қаноатмандӣ иброз доштанд, ки ба чунин дастовардҳо маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ ва заҳмати содиқонаи халқ ноил гардидем.
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






