Имсол дар вилояти Хатлон зиёда аз 92 ҳазор нафар хонандагон ба синфи якум қабул гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол зиёда аз 92 ҳазор хонанда бори аввал ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон қадам ниҳоданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода.
Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар тамоми муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон чун анъана бо Суруди миллӣ ва тамошои дастҷамъонаи суханронии Сарвари давлат аз ҷониби хонандагону омӯзгорон оғоз гардид.
Имрӯз ҳамчунин дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Мактаби хусусии инноватсионӣ» бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, кормандони соҳаи маориф, устодон ва хонандагон ҷамъомад доир шуд. Зимни он ҳозирин суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш гардид, тамошо намуданд.
Ба гуфти Ғазалшоҳ Сафарзода, дар соли нави таҳсили 2022-2023 дар Хатлон 21 муассисаи нав ба истифода дода мешавад. Имсол дар вилоят 50 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, беш аз 1365 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1000 адад муассисаи томактабию марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки дар соли нави таҳсил дар вилоят 50 ҳазор нафар олимон, омӯзгорон, мураббиён ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолият менамоянд.
Мавсуф зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои сарнавиштсози Пешвои миллат барои таъмини рушди бонизому сифатноки соҳаҳои илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо пайваста тадбирҳои ҳадафманд роҳандозӣ менамояд.
АКС аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






