ИТТИЛОИЯ. Дар бораи вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон

Сентябрь 18, 2022 18:20

ДУШАНБЕ, 18.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо идома додани амалҳои иғвоангезона ва таҷовузгаронаи худ нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи 17 сентябр боз талаботи созиши оташбасро вайрон намуда, ҷамоати Чоркӯҳ ва қитъаи шоҳроҳи Чорқишлоқи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз миномёт тирборон карданд. Дар ин бора дар иттилоияе, ки дар саҳифаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Facebook нашр гардидааст, гуфта мешавад.

Соати 11:10-и рӯз низомиёни қисми ҳарбии 707-и ВКД Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди силоҳ ба самти дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии «Исфара» оташ кушоданд. Неруҳои воҳидҳои махсуси Қирғизистон деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро тирборон карданд.

Соати 11:50 низомиёни қирғиз бо истифода аз системаҳои мушакӣ деҳаи Тоҷварони ноҳияи Лахши Тоҷикистонро тирборонӣ карданд. Бар асари ин ҳамла чанд сокини осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон ҷароҳат бардошта, 3 бинои истиқоматӣ хароб карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин минтақа ягон ҳодисаи муноқиша ба қайд гирифта нашудааст ва тамаркузи неруву воситаҳои ҷониби Қирғизистон дар ин минтақа бо назардошти мураккабии релеф зиёда аз як ҳафтаро тақозо мекунад. Дар давоми рӯз низомиёни Қирғизистон бо истифода аз системаҳои мушакӣ се маротиба ба мавзеъҳои аҳолинишини минтақаи марзии ноҳияи Лахш ҳамла карданд. Мактаби рақами 15-и деҳаи Тоҷварон мавриди ҳамла қарор гирифта, дар натиҷаи он 3 нафар хонандагон ҷароҳат бардоштаанд.

Ҷониби Қирғизистон рӯзҳои охир ба хотири эҷоди симои «таҷовузкор» дар тимсоли ҳамсояи худ аз дурӯғу иғвоҳои рӯирост худдорӣ накарда, маъракаи иттилоотиро нисбат ба Тоҷикистон идома медиҳад ва бо ин васила ташаннуҷро дар манотиқи сарҳадӣ афзоиш медиҳад. 17 сентябр дар паёми худ ба мардум Президенти Қирғизистон дар робита ба Тоҷикистон вожаи «душман»-ро ба кор бурд, ки ба рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мувофиқат намекунад.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 18, 2022 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид