Коршинос: Соли 2023 на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои ИДМ низ Соли забони русӣ эълон шудааст

Сентябрь 12, 2022 10:36

ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл бархе аз воситаҳои ахбори омма хабар доданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2023-ро дар Тоҷикистон Соли забони русӣ эълон кардаанд. «Дар тавзеҳи гуфтаҳои Сарвари давлати Тоҷикистон ба баъзе иштибоҳҳо роҳ дода шудааст», — гуфт дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» коршиноси мо, муовини Директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров. Ба гуфтаи ӯ, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ИДМ Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон шуда, дар ин бора қарори дахлдори сарони тамоми кишварҳои узви Иттиҳод қабул гардидааст.

Қобили зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябр зимни маросими ифтитоҳи 5 мактаби миёнаи раванди таҳсилашон ба забони русӣ дар Тоҷикистон, ки тавассути пайванди видеоӣ сурат гирифт, чунин баён доштанд:

«Тавре маълум аст, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони русӣ мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст. Ду сол қабл дар доираи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасмим гирифта шуд, ки соли 2023 Соли забони русӣ эълон гардад. Дар ин замина мо ба мувофиқа расидем, ки барои дастгирӣ ва инкишофи забони русӣ дар кишварҳои Иттиҳод, аз ҷумла дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Дар маҷмӯъ, мехоҳам зикр намоям, ки Точикистон ба инкишофи минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ бо Русия манфиатдор мебошад. Дар робита ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон мақсад дорад, ки барои тавсеаи ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва тадқиқотии ду кишвар, аз ҷумла дар самти омода кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ чораҳои зарурӣ андешад».

Ёдовар мешавем, ки қарори Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ дар бораи эълон кардани соли 2023 — Соли забони русӣ ҳамчун забони муошират миёни миллатҳо 18 декабри соли 2020 қабул шуда буд.

АКС: АМИТ «Ховар

Сентябрь 12, 2022 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд